35 years of independency
Блогер бо гумони қаллобӣ ба маблағи беш аз 1,3 миллион сомонӣ боздошт шуд
01.10.2026
Oila.tj
163

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти блогери 27-сола Умед Давлатов, сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ хабар дод.

Ба иттилои вазорат, Давлатов дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозии бурдноки мошинҳо ташкил карда, аз шаҳрвандон маблағ ҷамъоварӣ мекардааст. Яке аз чунин бозиҳо аз 3-юми марти соли ҷорӣ оғоз шуда, то имрӯз 55 ҳазору 400 чипта фурӯхта шудааст. Дар натиҷа, тибқи маълумоти мақомоти корҳои дохилӣ, беш аз 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Мақомот мегӯянд, ин бозӣ бо истифода аз боварии шаҳрвандон ва бидуни гирифтани иҷозатномаи дахлдор баргузор шудааст. Бо гузашти тақрибан шаш моҳ, маросими қуръакашӣ ва супоридани ҷоизаҳо баргузор нашуда, маблағҳои ҷамъовардашуда, ба гуфтаи вазорат, барои манфиатҳои шахсӣ истифода шудаанд.

Ҳамчунин, Давлатов ба муштариён ваъда медодааст, ки дар сурати харидани чипта ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ба онҳо телефони «Айфон» тақдим мекунад. Аммо баъд аз гирифтани маблағ, ба гуфтаи мақомот, ӯ ба зангҳои муштариён ҷавоб намедодааст.

Вазорат инчунин хабар додааст, ки қуттиҳои телефонҳое, ки дар наворҳои таблиғотии бозӣ нишон дода мешуданд, холӣ буда, танҳо барои ҷалби шаҳрвандон истифода шудаанд.

Ҳоло нисбат ба Умед Давлатов бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ тибқи қисми 4-уми моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Назари худи Давлатов дар бораи ин қазия ҳанӯз маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД