Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони бино ҳанӯз соли 2015 оғоз шуда буд. Тибқи лоиҳа, бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 13 ошёна иборат аст.
Ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфта шуда буд, ки дар ин бино дар қатори утоқҳои корӣ, ки барои 680 коргар пешбинӣ шудаанд, толори маҷлисӣ бо 315 ҷойи нишаст, толори матбуот, 8 толори таъиноти гуногун, осорхона, боғи зимистона, ошхона бо 180 ҷойи нишаст ҷойгиранд.
Дар ин бино ғайр аз кормандони дастгоҳи марказии вазорати мазкур ҳамчунин 3 хадамоти ин соҳа, 7 маркази ҷумҳуриявӣ, 2 бахши ҷумҳуриявӣ, Академияи илмҳои тиб, идораи сохтмони асосӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷой мегиранд.