Бибӣ-Фотима дарозумртарин модари кишвари мо эътироф шудааст. Инро Агентии омор тасдиқ кардааст ва ӯ ҳоло 111 сол умр дорад. Бибӣ-Фотима дар ҷамоати деҳоти Ҷорубқул (ҳозира С. Раҳимов)-и ноҳияи Термурмалики вилояти Хатлон умр ба сар мебарад ва ягона зани дарозумр дар ин деҳа ба шумор меравад. Тибқи ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият пиразан соли 1913 таваллуд шудааст.
Фотима-бибӣ дар кори саҳро обутоб ёфт
Фотима Салимова аз зумраи занони меҳнаткаши тоҷик мебошад, ки умри пурбаракати хешро сарфи зиндагии орому осуда ва мустаҳкам намудани вазъи иқтисодии оилаю осоиши аҳли хонавода месозанд. Ин зани меҳнатқарин собиқаи зиёда аз 40-солаи корӣ дошта, аз собиқ колхози “Правда”фаъолияти колхозчигиашро оғоз намудааст.
Фотима яке аз пахтачинҳои пешқадами колхоз маҳсуб ёфта, дар баробари ин, дар дигар самтҳои хоҷагидорӣ вобаста ба мавсим саҳми арзандаи худро мегузошт. Саҳми ин зани заҳматкаш дар пешрафти соҳаи хоҷагидорӣ басо назаррас буда, чандин маротиба бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Хизматҳои шоёни ӯро давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба назар гирифта, Бибӣ Фотимаро дар солгарди 110-умини умрашон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карданд.
Фотимаро бо аспи орзуҳо ба хонаи шавҳар бурданд
Фотима мисли дигар духтарон дар дил ҳавасу умедҳои зиёде мепарварид. Ҳанӯз 17 сол дошту бо меҳнати ҷисмонӣ зиндагии худу хонаводаашонро пеш мебурд. Даҳҳо ҷавони зангир мехостанд мисли Фотима ҳамсари меҳнатдӯсту хушлиқо дошта бошанд. Аз миёни ин ҷавонҳо Мустафоқулов тақдирашро бо Фотима пайваст. Ӯ ҷавони чорпаҳлуе буд, ки садҳо духтари ҳамдеҳааш орзуяшро мекарданд, вале Фотимаи зебосанаму хушрафторро интихоб кард.
Тӯйи онҳо барои ҳамон замон хеле хотирмон ва пур аз ҳавас гузашт. Шавҳари Фотима бо аспи орододашуда ӯро ба хонаи бахташ овард ва зиндагияшон оғоз ёфт, вале...
Оғози ширину анҷоми хунин
Фотима ҳамроҳи Мустафоқулов зиндагии ширини пур аз муҳаббатро оғоз карданд. Онҳо орзу мекарданд, ки то лаҳзаҳои охири ҳаёт бо ҳам умр ба сар баранд, аммо фалаки каҷрафтор кори худашро кард. Баъди чанде Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт ва Мустафоқуловро қатори дигар ҷавонмардон ба ҷанг сафарбар карданд. Ин охирин дидори ду ҷавони ташнаи ишқ буд. Шавҳари Фотима, ки соли 1941 ба фронт равона карда шуда буд, дар набарди зидди фашизм қаҳрамонона ба ҳалок расида дар дили ҷавонзан доғи сӯзоне ниҳод...
Издивоҷи дубораи Фотима
Марги шавҳар барои Фотима сахту сангин буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки риштаи умри ҳамсари чорпаӯлӯи ҷавону зебояш дар айни шукуфоии ҷавонӣ канда мешавад ва то лаҳзаи охир бозгашти иштирокчиёни ҷангро интизорӣ кашид, аммо шавҳараш дигар барнагашт.
Билохира Фотима ба тақдир тан дода, соли 1948 маротибаи дуюм ба шавҳар баромад ва аз ин издивоҷ соҳиби се шоҳписар гашт. Ба шарофати ҳамин издивоҷ имрӯзҳо атрофи бибии пурфайзашонро фарзандони баркамол бо фарзандонашон гарму чароғон кардаанд.
13 чабера, 75 абераю 20 набера
Бибии Фотима дар умри 111-солааш мушкилиҳову сахтиҳои зиёдеро паси сар кард, гоҳе бе нон монду бо пиёлаи обе қувват гирифт, то ба хотири фарзандон зинда монад. Ӯ ашки гуруснагиро аз фарзандон пинҳонӣ резонду аз майдонҳо дона –дона гандум ҷамъ кард, то гарди орде шаваду дар дег сурх карда, хӯроке пазад ва пеши се писараш гузорад. Аз карбосе пираҳан духту зери офтоби сӯзон заҳмат кашид, то хонааш аз нон холӣ нашавад. Гоҳе ба пояш хор халиду гоҳи дигар писарон дар пушт роҳи саҳроро пеш гирифт, то фарзандон муҳтоҷ ва дастнигари касе нашаванд. Номуси мардонаи Фотима нагузошт, ки ҷигарбандонаш гуруснагиро эҳсос намоянд.
Хушбахтона, заҳматҳову давиданҳову афтодану хестанҳояш барабас нарафт. Имрӯз 3 фарзанди бо обилаҳои кафи даст парваридааш ҳамроҳи фарзандонашон, ки дар маҷмӯъ 20 набера, 75 абера ва 13 чабера ҳастанд, дар гирдаш парвонавор чарх мезананд. Писари якумаш Гулаев Қарабой алҳол 73-сола буда, Гулаев Назир ва Гулаев Бозорбой дар синни 60 – 66- солагӣ қарор доранд.
Путин ба Бибӣ-Фотима медал дод
Президенти Русия бо медали 75-солагии ҶБВ қадрдонӣ кардааст, зеро дар замони Ҷангу Бузурги Ватанӣ Фотима мисли дигар занҳои тоҷик дар ақибгоҳ баҳри пирӯзӣ ва мустаҳкам намудани қувваҳои мусаллаҳ бар зидди фашисти гитлерӣ шабу рӯз меҳнат менамуд. Талошҳои ин зани тоҷикро ба назар гирифта, барои заҳматҳо ва садоқатмандона дар ақибгоҳ хизмат кардану саҳм гузоштан дар Ғалаба бар фашизми гитлерӣ соли 2020 аз номи Президенти Федератсияи Руссия Фотима-бибӣ бо медали “75- солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945” қадрдонӣ карда шуд.
Кампири 111-сола аз чӣ шукргузорӣ мекунад?
Момаи Фотима бо шукргузорӣ аз давлату ҳукумати мамлакат хусусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақому манзалати зан – модарро баланд бардошта, ба занону бонувони собиқадор таваҷҷуҳи беандоза доранд, минатдор аст. Азбаски худаш ранҷу азоб ва мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст, имрӯз дар фазои осоиштаи кишвар зистанро давлати гаронарзиш меҳисобад.