Овозхон, скрипканавоз ва оҳангсози маъруфи эронӣ Бежан Муртазавӣ пас аз даҳсолаҳо дурӣ аз ватани худ дубора вориди Эрон шуд. Бозгашти ӯ на танҳо барои мухлисони мусиқӣ, балки барои расонаҳои эронӣ низ рӯйдоди ҷолиб гардид.
Бежан Муртазавӣ баъд аз зуҳри 30-юми сентябр вориди Эрон шуд. Лаҳзаҳои бозгашти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, таваҷҷуҳи зиёди мухлисонро ба худ ҷалб кард. Ин бозгашт пас аз тақрибан 47 соли дурӣ аз Эрон сурат гирифтааст.
Муртазавӣ қисми асосии фаъолияти касбии худро берун аз Эрон идома додааст. Бо вуҷуди зиндагӣ дар хориҷ, ӯ иртиботи худро бо фарҳанг ва мусиқии форсӣ ҳифз намуда, дар тӯли чанд даҳсола ҳамчун яке аз чеҳраҳои шинохтаи мусиқии эронӣ фаъолият кардааст.
Аз кӯдаки сесола то саҳнаҳои ҷаҳонӣ
Бежан Муртазавӣ 25-уми ноябри соли 1957 дар шаҳри Сории вилояти Мозандарони Эрон таваллуд шудааст. Муҳаббати ӯ ба мусиқӣ аз синни хеле хурдӣ оғоз гардид. Ӯ ҳанӯз дар сесолагӣ ба омӯзиши скрипка шуруъ карда, баъдан дар Теҳрон назди чанд устоди маъруф, аз ҷумла Парвиз Ёҳақӣ, Ҷаҳонгир Комён ва Одил Кариминиё таҳсил кардааст.
Муртазавӣ танҳо бо скрипка маҳдуд нашуд. Ӯ навохтани фортепиано, гитара, созҳои зарбӣ ва як қатор созҳои суннатии Эрон, аз ҷумла уд, тор ва сантурро низ омӯхт.
Дар 11-солагӣ ӯ дар озмуни умумимиллии мусиқии хонандагони Эрон мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҳанӯз 14-сола буд, ки гурӯҳи 32-нафара ташкил карда, асарҳои эҷодкардаи худро дар урдугоҳи тобистонаи «Ромсар» иҷро намуд.
Ин танҳо оғози роҳе буд, ки баъдтар ӯро ба саҳнаҳои байналмилалӣ расонд.
Муҳоҷират ва оғози як карераи байналмилалӣ
Пас аз хатми мактаби миёна Муртазавӣ барои идомаи таҳсил ба Англия рафт. Ӯ дар риштаи муҳандисӣ ва нақшакашии шаҳрсозӣ таҳсил мекард, аммо мусиқӣ ҳамоно қисми ҷудонашавандаи зиндагияш боқӣ монд.
Соли 1979 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯчид ва таҳсилоти худро дар соҳаи мусиқӣ дар Донишгоҳи иёлати Техас идома дод. Соли 1985 дар Калифорния муқим шуда, нахустин албоми худро ба бозор баровард.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Муртазавӣ маҳорати навохтани қариб ҳамаи созҳое мебошад, ки дар асарҳояш истифода мешаванд.
Аз соли 1990 турҳои ҳунарии ӯ дар дохил ва хориҷ оғоз шуданд ва тадриҷан номи ӯ дар байни шунавандагони эронӣ ва дӯстдорони мусиқии форсӣ дар кишварҳои гуногун бештар паҳн гардид.
Аз «Ҳамоса» то саҳнаи Greek Theatre
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар фаъолияти ӯ баргузории консерт дар Greek Theatre-и Лос-Анҷелес 3-юми июли соли 1994 буд. Муртазавӣ аввалин ҳунарманди эронӣ маҳсуб мешавад, ки дар ин саҳна барномаи ҳунарӣ баргузор кардааст. Дар ин консерт ӯ асари «Ҳамоса»-ро низ иҷро кард, асаре, ки ҳанӯз дар синни 11-солагӣ эҷод карда буд.
Соли 2009 дар шаҳри Саутгемптони Англия аз Донишгоҳи Солент унвони доктори мусиқиро гирифт.
Фаъолияти ӯ танҳо ба иҷрои сурудҳо маҳдуд нашудааст. Муртазавӣ солҳо боз барои муаррифии мусиқии муосири Ховари Миёна дар муҳити академӣ талош мекунад ва мехоҳад ин навъи мусиқӣ ҳамчун як бахши ҷиддии омӯзиши донишгоҳӣ дар кишварҳои ғарбӣ пазируфта шавад.
Пайванди махсус бо Тоҷикистон
Муртазавӣ барои шунавандагони тоҷик низ чеҳраи ошност. Ӯ соли 2013 бори аввал ба Тоҷикистон омад. Ҳадафи сафараш иштирок дар сабти як барномаи наврӯзӣ буд, ки бо ширкати намояндагони се кишвари форсизабон омода мешуд.
Зимни сафараш ба Тоҷикистон ӯ аз муҳаббати худ ба кишварҳои форсизабон гуфта, таъкид карда буд, ки бо мусиқии тоҷикӣ ошно аст ва онро ба мусиқии Эрону Афғонистон наздик медонад.
Ҷолиб он аст, ки Муртазавӣ дар миёни овозхонҳои тоҷик Шабнами Сурайё ва Садриддинро махсус ном бурда, гуфта буд, ки садои ҳарду ба ӯ писанд аст ва онҳоро бештар гӯш мекунад.
Бозгашт пас аз 47 сол
Ҳоло, пас аз даҳсолаҳо зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарӣ дар хориҷ, Бежан Муртазавӣ дубора ба Эрон баргашт. Барои ҳунарманде, ки қисми зиёди умри худро берун аз ватани худ гузаронидааст, ин бозгашт танҳо як сафари дигар нест. Он бозгашти чеҳраест, ки тақрибан ним аср дар хориҷ зиндагӣ карда, бо вуҷуди ин, номи Эрон ва мусиқии форсиро дар саҳнаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамроҳ бо худ бурдааст.
Барои насли мухлисоне, ки бо садои скрипка ва осори ӯ ба воя расидаанд, бозгашти Муртазавӣ ба Эрон метавонад оғози як марҳалаи нави фаъолияти ҳунарии ӯ бошад.
Камолиддин ҲАННОНӢ