Commerc banl
Беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугар ва “муллоҳои дайду “ ба рӯйхати сиёҳ афтиданд
66

Беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугар ва

“муллоҳои дайду “ ба рӯйхати сиёҳ афтиданд

Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугар ва “муллоҳои дайду” ба руйхат гирифта шудаанд, ки мардумро ҷониби терроризму экстремизм моил мекунанд. Ин феҳрист аввали соли 2024 тартиб дода шудааст, то дар он ҷодугарону фолбинҳо ва “муштариён”- и онҳо сабти ном шаванд.

Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12 уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ба рузноманигорон дар бораи боварии мардум ба фолбину ҷодугарон ҳарф зада, онро боиси нигаронӣ хонд.

Ба қавли вазир ин ниҳод то аввали соли 2026 беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару “муллоҳои дайду” ро ба қайд гирифтааст.

Рамазон Раҳимзода аз он нигаронӣ кард,ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо қарз ба умра мераванд, вале ҳамоно ба соҳириву фолбинӣ эътиқод доранд. Вазир гуфт, ба омори ба умра рафтагон дар соли гузашта ба 7,5 ҳазор тан мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД