Беҳрӯз Мирзоев, овозхон ва оҳангсози 27-солаи тоҷик, саҳнаи ҳунарро барои ҳамеша тарк кардааст. Дар ин бора худи овозхон иттилоъ додааст. “Ман худро аз барои Худо тағйир додам ва акнун ба зиндагӣ нигоҳи тамоман дигар дорам.
Ин аввалан бо розигии модарам шуд, зеро он кас нахостанд, ки касби худро идома диҳам. Ман гуфтам “хуб, очаҷон, тамом, ҷамъбаст. Дар ризогии шумо ризогии Аллоҳ аст”. Ман ҳам рӯзе сафари охират дорам ва поку накӯкор аз дунё гузаштан мехоҳам”,-навиштааст Мирзоев дар саҳифаи Инстаграмаш. Аз навиштаҳои овозхон бармеояд, ки ӯ боқимондаи умри худро дар роҳи Худо сипарӣ кардан мехоҳад. Беҳрӯз Мирзоев ва бародари хурдиаш Муслиҳиддин Мирзоев ҳунари овозхониро аз тағоҳои ҳунармандашон Зулфиқори Азиз, Достони Азиз, Вайсиддини Азиз, Қайсиддини Азиз ва Абӯбакри Азиз, ки дар гурӯҳи овозадори “Анис” ҳунарнамоӣ мекарданд, омӯхтаанд.
Муслиҳиддин, ки ҳамагӣ 21 сол дорад, тахминан 10 сол қабл саҳнаро тарк карда буд. Остони Азиз, Шаҳроми Абӯбакр ва Шамсиддини Азиз, ки фарзандони хонаводаи Азизовҳо мебошанд, каму беш касби авлодиашонро идома дода истодаанд. Ёдовар мешавем, ки Зулфиқори Азиз соли 2010 бар асари сактаи қалб ва Қайсиддини Азиз соли 2020 аз бемории COVID-19 даргузашта буданд.