Arzon march 2024
Беморхона ба ҷойи қабули беморон манзили истиқоматӣ шуд
664

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон - "Ховар" бо нашри як матлаби интиқодӣ гуфтааст, беморхонаи минтақавии Харангони ноҳияи Варзоб оддитарин шароит на барои кормандон ва на барои беморон муҳайё нест.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, айни замон ин даргоҳ роҳбар надорад ва дар он 7 ё 8 нафар кормандони хоҷагию ҳамшираҳои тиб фаъолият мекунад. Бо сабаби бад будани шароити беморхона дар шуъбаи сироятии он дар шаш моҳ як нафар ҳам бистарӣ нашудааст.

"Беморхонаи минтақавии Харангон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб, то соҳибистиқлолии мамлакат ҳамчун шифохонаи бемориҳои дил ва сироятӣ ба ҳазорҳо нафар сокинони ноҳия ва ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд хизмати тиббӣ мерасонид. Мутаассифона, аз беаҳамиятии масъулини соҳа як қисмати бинои беморхона пурра хароб гашта, дар қисмати дигари он, ҳарчанд ба талаботи санитарию гигенӣ ҷавобгў набошад ҳам, 4 ҳуҷраи хурд фаъолият дорад", - омадааст дар матлаби АМИТ “Ховар”.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб даҳ сол пеш сокини деҳаи Буваки Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ Нарзуллоев Изатуллоро ҳамроҳи ду писари оиладораш, ки манзили зисташон дар натиҷаи офати табиӣ пурра аз байн рафтааст, муваққатан дар биноҳои ёрирасони Беморхонаи минтақавии Харангон ҷой намуданд.

«Давоми ин солҳо даҳҳо ариза барои ҷудо кардани қитъаи замин навиштам, мутаассифона беҷавоб монданд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ноҳия ваъдаи бо ҷойи зист таъмин карданро медиҳанду амалан хеҷ кӯмак намерасонанд. Фақат як маротиба аз деҳаи Оқули боло қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ пешниҳод карданд, бо сабабҳои баҳси замини чарогоҳ будани он замин розӣ нашудем. Имрӯзҳо дар ин муассисаи давлатӣ зиндагӣ дорему ба умеди кумаки роҳбарияти ноҳия ҳастем»,- гуфтааст ин сокини ноҳия.

Гуфта мешавад, ки солҳои тӯлонӣ аз беназоратии масъулини соҳаи тандурустии ноҳияи Варзоб заминҳои ин муассисаи давлатӣ- аз канори дарёчаи Харангон, ки ҷойи сайру гашти беморон буд ва то шафати роҳи марказӣ, барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ тақсим шудааст. Дар ин ҷо манзилҳои зист бунёд гардидаанд. Вале аз ин заминҳои тақсимгардида низ ба зарардидаи офати табиӣ оилаи Изатулло Нарзуллоев, ки бе манзили зист мондааст, қитъаи замин ҷудо накарданд.

Боиси таассуф аст, ки давоми 31 соли Истиқлоли давлатӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва роҳбарияти беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб барои бунёду барқарорсозии ин муассисаи тиббӣ, ки имрӯзҳо ҳамчун шуъбаи бемориҳои сироятӣ истифода мешаваду ба талаботи санитарию гигенӣ ҷавобгӯ нест ва қисмати дигари биноҳои он харобазор шудаасту дар биноҳои ёрирасони он оилаи аз офати табиӣ зарардидаи бе манзили зист монда зиндагӣ доранд, ҳеҷ коре руйи даст нагирифтаанд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ин масъаларо баррасӣ намуда, барои фаъолияти дубораи ин беморхона тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД