Formula novemver 2024
Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан...
3156

Саъдулло Шукруллоев номест барои ману ҳамсинфонам азиз! Омӯзгори нахустини мо дар мактаби 19-и Дарвоз. Бо тану қадди базеб, бо сару руйи мураттаб, либоспӯшии зебо ва сухангӯии возеҳу фаҳмо. Бо тамоми кӯшиш ба мо хондану навиштанро ҳамроҳ бо меҳру эҳтиром ёд медод. Аз 6 то 10-солагӣ назди ӯ зонуи шогирдӣ задем.

photo_2023-05-30_13-31-31

Ҳанӯз ҷавону пурэнержӣ буд, ки барои кор ба деҳаи мо эъзом шуда буд. Ӯ барои мо муаллими аввалин буд ва ҳам мо барояш шогирдони нахустин. Аз деҳаи Зиғар.

Мактаби мо, зоҳиран, истгоҳи дуюми фаолияташ, баъди кор дар Ғарм ва ё шояд ҷойи дигар буд. Эҳтимол 25 сол дошт ва дар он умри ҷавонӣ донишгоҳ хатм карда, машғули кори амалӣ шуда буд ва ҳам зану фарзанд дошт.

Соҳиби мошини наву зебои “Москвич”-и ширчоӣ ва бо хонаву дари алоҳида дар дили деҳи мо таъмин буд. Маошаш эҳтимолан 200 рубли шӯравӣ буд, ки шояд ба 700-800 доллари имрӯзӣ баробар мешуд. Барои зиндагӣ ва пасандозаш кифоят мекард.

Дар чашми мо он вақт гӯё як марди хеле калон менамуд. Аз диди имрӯзӣ мебинам, ки чӣ қадар замона тағйир кардаву ҷавони 25-солаи имрӯз ҳанӯз андар хами як кӯчаи зиндагист сарсону саргардон.

photo_2023-05-30_13-19-52

Муаллими мо воқеан педагог буд. Ҳаргиз мушт бар сари шогирду даст бар рӯйи кӯдаке намебардошт бо ин ки мо беҳад шӯх будем. Ӯ бо меҳру мулоимӣ бо мо муносибат мекард. Тарзи дуруст дар курсиву миз нишастан, дуруст қаламро доштан, масофаи байни дафтару чашмро риоя намудан ва ... ба мо ёд медод.

Услуби ташвиқгариаш барои хондан аҷиб буд. Масалан, дар соати аввали дарс вақте дарсро медонистам, мегуфт: “Офарин! Дар ту ҷавоб!”.

Ин ташвиқгарӣ боис мешуд ман бештар бихонам то вақти зиёдтар барои бозӣ дошта бошам. Агар касе дарс намехонду намедонист, ҷазояш мондан баъди дарс буд. Ин шармандагии бисёр калон барои он рӯзгор буд. Деҳаи мо хурд буд ва ҳар гап зуд овоза мешуд ва “дугирак” ва “баъди дарс монак” гуфта, овоза мешуду дигарон ба ҳолат механдиданд. Ин раги номуси моро мехезонд. Хотираи талхе аз чунин баъди дарс мондан ҳам дорам))). Як бор...

photo_2023-05-30_13-31-39

Муаллим Шукруллоев воқеан ҳама саъйу талошашро карду мо синфи 3-ро дар ҳоле ба итмом расондем, ки куллияи санҷишҳои маорифи ноҳияро ба беҳтарин ваҷҳ гузашта будем ва муаллими мо ҳамчун омӯзгори беҳтарин ва муваффақ ному обру бароварда буд.

Эҳтиромаш дар миёни устодони мактабу аҳли деҳа ба маротиб боло рафта буд. Хелеҳо орзу мекарданд, ки кӯдаконашонро маҳз ӯ дарс диҳад.

Адади мо дар синф кам буд. Ҳудуди 13-14 нафар. Ин камӣ боис мешуд, ки муаллим ба ҳама расидагӣ кунад ва ҳам мо шогирдон ҷойи гурез аз хондан ва пурсу савол надоштем. Ҳатман бояд омода мебудем ҳар рӯз.

Баъди он ки моро ба истилоҳ “паррончак” карду ба синфи болоӣ расидем, хуб дар ёдам аст, ки як рӯз вориди синфи мо шуда аҳволпурсӣ кард. Мисли ин ки пазмонамон шуда буд. Онҷо ҳарфу суханҳое гуфт, ки ҳанӯз дар ёди ман ҳастанд. Аз ҷумла гапҳое, ки зад якеаш ин буд, ки кадом шогирдаш ба кадом касб мувофиқ аст. Тавсияҳое, ки моро дар солҳои баъдӣ дар интихоби касбу роҳу оянда кӯмак мекард. Ва ҳам пешгӯиҳое, ки имрӯз дуруст баромаданд. Офарин бар чашми хираду дидаи ояндабинаш бод!

Шукри Парвардигор, муаллими мо ҳанӯз сиҳҳату саломат асту машғули дарсу тадрис. Бо таҷрибаи бештару маҳорати фаровонтар. Аммо тарки деҳаи мо кардааст. Ӯ дар ҳоли ҳозир машғули кор дар мактаби № 23-и деҳаи Жаки Дарвоз аст. Бо ҳамон қадду қомати устувор ва бо ҳамон ахлоқу бархурди пурмеҳру пурифтихор.

Шикасти Шӯравӣ ва нобасомониҳои баъдӣ муаллими нахустини моро барои як муддат аз кори тадрис дур карду машғули тиҷорат сохт. Вақте дар яке аз таътилоти донишгоҳӣ ба деҳа баргашта, аҳволу ахборашро ҷӯё шудам ва шунидам, ки тарки тадрис кардаву машғули тиҷорат шудааст, сахт мутаассир шудам ва оҳ кашидам, ки чунин фарзонае ҷояш мактаб аст на бозор.

Имрӯз Худовандро беадад шукр мегӯям, ки ба таъбири Ҳофиз “ сари шӯридаи ӯ боз ба сомон омада”-асту устоду муаллими мо ба тадрис баргаштааст. Агарчӣ дар деҳаи мо нест, аммо муҳимаш дар касбу кори худ аст. Аз ин хеле шоду хурсандам.

Ӯ воқеан яке аз ганҷинаҳои маорифи диёри мост. Ӯ тарбиятгар аст. Инсони хубу волову воқеӣ аст. Ӯ дар мағзи дилҳову дар умқи ҷонҳо ободгарӣ мекунад. Тухми хубӣ дар замини дилу донаи доноӣ дар замири виҷдони атфол мекорад. Ӯ устод аст, ӯ омӯзгор аст. Ӯро бояд гиромӣ дошт. Ӯ сазовор аст!

Бо эҳтироми бепоёну дуои саломатӣ

ба ҳама устодону омузгорон!

Аз идора: Шумо ҳам метавонед хотираҳои худро роҷеъ ба муаллими нахустинатон, ки барои рушди шахсияти шумо ва шогирдони дигари худ саҳми бузург гузоштаанд, навишта ба сомонаи "Оила" тариқи телеграм ё вотсап ба рақами 93-105-10-50 фиристед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД