Дирӯз дар Толори констертии Самарқанд барномаи консертии ситораи санъати Тоҷикистон Хуршед Иброҳимзода таҳти унвони "Шоми меҳр" баргузор гардид
Зимни муаррифии сароянда зикр шуд, ки Хуршед Иброҳимзода имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун хонандаи раддаи аввали шашмақом мешиносанд. Ӯ узви ансамбли «Шашмақом» – и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, мутриб ва овозхони хушнавои шашмақом Хуршед Иброҳимзода аз хуш омадан бо сарбаландӣ баромадаву писандидагиро шеваи ҳамарӯзии фаъолияти ҳунарии хеш медонад.
"Беш аз 20 сол аст, ки ӯ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба шогирдон сабақи ҳунар меомӯзонад. Ҳамзамон, дар ансамбли «Шашмақом» – и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати сароянда фаъолият мебарад",-гуфт намояндаи ҳокимияти шаҳри Самарқанд.
Хуршед Иброҳимзода 19 декабри соли 1982 дар Конибодом ба дунё омадааст. Аз синфи 1- ум ӯро ба дастаи ҳаваскорони санъати мактаб пазируфтанд. Пас аз хатми синфи 8 – ум роҳбарияти мактаб ӯро ба мактаби мусиқии Конибодом тавсия дод. Солҳои 1994 – 1999 дар ин даргоҳи ҳунар навозандагиро аз бар намуд.
Моҳи майи соли 2003 дар шаҳри бостонии Исфара «Симпозиуми байналмилалии мақом», доир шуд. Ӯро шарафи бузург насиб гашт ва дар он маъракаи сатҳи байналмилалӣ «Наврӯзи Сабо» (матни Ҳофиз) аз мақоми «Рост» ва «Офтоб аст он парирух» (матни Саъдӣ, оҳанги Б. Ниёзов)-ро ба самъи ҳозирин расонд. Барандаи дипломи ин симпозиум шуд. Соли 2011 бо медали «Хизмати шоиста» ва соли 2018 бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мушарраф гашт.