Ҳолгер Вифел, раиси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар қарор дорад ва аз 1 июли соли 2023 ба вазифаи худ шурӯъ мекунад. Дар ин бора аз бахши матбуоти БАТР ба “Oila” иттилоъ доданд.
Ҷаноби Вифел баъди таъиноташ гуфт, мехоҳад таҷрибаи касбӣ ва минтақавии худро барои пешбурди ҳадафҳои асосии худ дар Тоҷикистон истифода барад. “Инҳо ҷорӣ намудани технологияҳои сабз, рақамисозӣ, дастрасии беҳтар ба маблағгузорӣ барои корхонаҳои хурду миёна, дастгирии занони соҳибкор, эҷоди устувории иқлим ва навсозии инфрасохтори калидӣ мебошанд. Ин мушкилотест, ки ман ҳаллашро дар ҳақиқат бесаброна интизорам”, - гуфт Ҳолгер Вифел.
Ҷаноби Вифел, шаҳрванди Олмон буда, соли 2013 барои кор ба БАТР пайваст. Ӯ дар минтақаҳои Қафқоз, Чин ва Аврупои Шарқӣ таҷриба дорад. Ӯ ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳои БАТР оид ба қарздиҳии тиҷорати хурд дар минтақаи Осиёи Марказӣ кор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз БАТР тавассути 158 лоиҳа ба иқтисоди Тоҷикистон 892 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.