Дар доираи татбиқи “Стратегияи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи пешгирӣ, дарёфти саривақтӣ ва назорати диабети қанд ва фишорбаландии шараёнӣ тавассути тавонбахшии системаи КАТС: Лоиҳаи пилотӣ дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гашт.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, дар кори ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, шарикон оид ба рушд, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, масъулини вазорат ва мутахассисони соҳа иштирок доштанд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласаи корӣ гуфта шудааст, ки проблемаи диабети қанд, ки яке аз бемориҳои ғайрисироятӣ ба ҳисоб меравад, имрӯз дар саросари ҷаҳон афзоиши назаррас ва босуръатро доро мебошад, ки он ба солимии омма таъсири манфии худро мерасонад ва ба зиёд шудани фавт ва маъюбият аз ин беморӣ сабаб мешавад.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шумораи калонсолони гирифтори диабет аз соли 1990 то 2022 аз 200 миллион то ба беш аз 830 миллион нафар афзоиш ёфтааст, ки дар тӯли се даҳсола беш аз чор маротиба зиёд шудааст.