Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони саратоншиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба вазъи пешгирӣ ва мубориза бо бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар, дар чорабинӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иштирок намуда, зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз доштааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтарнамоӣ ва пешигирии бемориҳои саратон дар мамлакат тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда истодааст.
- Дар идомаи ҷаласа сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосири вазорат Холмирзо Давлатзода ва директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” Акбар Муродзода низ баромад намуда, доир ба вазъи бемориҳои мазкур ва роҳҳои пешгирии онҳо дар кишвар маълумот пешниҳод карданд,- меафзояд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки баргузории Саммит оид ба баррасии бемориҳои саратон моҳи ноябри соли равон бо иштироки мутахассисони саратоншиносӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст.