Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик, ки қаблан бо номи “Тоҷиктекстил” машҳур буд, навсозӣ шуда, барои занону духтарони тоҷик ҳазорон ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд. Ин масъала имрӯз зимни боздиди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ин корхона мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
“Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шиносоӣ бо фаъолияти имрӯза ва нақшаву дурнамои навсозии корхонаи «Нассоҷии Тоҷик» мебошад”-навиштааст Ховар.
Гуфта мешавад, ки зимни шиносоӣ бо фаъолияти иттиҳодияи истеҳсолӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, навсозии ин корхонаи азими саноатӣ, боло бурдани иқтидори истеҳсолии корхона ва таъсиси ҳазорҳо ҷой нави корӣ барои занону духтарон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Иқтидору захираҳои корхонаи нассоҷии тоҷик имкон медиҳад дар ин ҷо бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ занҷираи пурра — ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шавад.
“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат—саноатикунонии босуръати кишвар ва дар доираи «Солҳои рушди саноат», 2022-2026 бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо иқтидори корхона боло бардошта шуда, истеҳсоли маҳсулоти тайёру босифати ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шавад”-менависад манбаъ.