Барои идома додани сохтмони неругоҳи барқии обии "Роғун" ҳукумати кишвар шаст миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Бо сохтмони ин неругоҳи азим мушкили норасоии барқ дар Тоҷикистон ҳалли худро меёбад?
Гуфта мешавад, ки шаст миллион сомонии барои неругоҳи “Роғун” ҷудошуда аз ҳисоби суд ё даромади саҳмияҳои давлатӣ пардохт карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки моҳи феврали соли равон низ ҳукумат барои идома додани сохтмони неругоҳи "Роғун" беш аз 9 миллион доллар ҷудо карда буд, ки тахминан ба 100 миллион сомонӣ баробар аст. Маблағи мазкур аз ҳисоби фоидаи корхонаҳои давлатӣ ва ҷаримаҳои камераҳои “Шаҳри бехатар” ҷудо шуда буд.
Умедворем, ки ҷудо шудани маблағ барои идомаи сохтмони “Роғун” ба ҳалли мушкили норасоии барқ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.