Дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар оид ба беҳтар намудани имкониятҳои бо шуғл таъмин намудани шахсони маъюбиятдошта ва фароҳам намудани муҳити дастрас баргузор гардид
Мизи мудаввар аз ҷониби Иттиҳодияи миллии маъюбон бо дастгирии дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ ташкил карда шуда, бо иштироки намояндагони Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси Олии ҶТ, вазорату идораҳои соҳавӣ, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои шахсони дороии маъюбият, коршиносон аз Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд.
Дар мизи мудаввар масъалаҳои дастраси ба ҷойҳои корӣ барои шахсони дорои маъюбият ва фароҳам овардани муҳити дастрас мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти чорабинӣ натиҷаи таҳлили мувофиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Кодекси меҳнати ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» бо принсипҳои Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти чорабинӣ, мавзӯи ҳуқуқи шахсони дорои маъюбон ба меҳнат, аз ҷумла консепсияи шароити одилонаи зиндагӣ дар заминаи шуғли маъюбон дида баромада шуданд.
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дилрабо Мансурӣ аҳамияти ҳамгироии маъюбият ва тадбирҳои заруриро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғли шахсони дорои маъюбият, инчунин тадбирҳо оид ба ратификатсияи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро қайд намуд.
Хонум Парвати Рамасвами, Ҳамоҳангсози доимии СММ, иброз дошт: "Имкониятҳои шуғл барои шахсони дорои маъюбият барои зиндагии пурмаҳсул ва фарогирии иҷтимоии онҳо муҳим аст. Вақте ки мо ҳуқуқи шуғли шахсони дорои маъюбиятро таъмин мекунем, мо ба иҷрои приинсипи асосии Ҳадафҳои рушди устувор - «ҳеҷ касро дар канор намегузорем» наздик мешавем.
Ҷаноби Асадулло Зикрихудоев, Раиси Иттиҳодияи миллии маъюбон қайд кард: «Беҳтар намудани имкониятҳои шуғли шахсони дорои маъюбият ба фароҳам овардани муҳити фарогири корӣ, ки манфиатҳои ҳамаи кормандонро қадр мекунад, мусоидат мекунад. Дар чунин муҳит ҳар як шахс дастрасии одилонаро ба омӯзиш, пешравӣ, музди одилона ва пешрафт дар мансаб дорост. Фарогирии ҳақиқӣ маънои қабул кардани фарқиятҳои ҳар як шахсро дар назар дорад ва танҳо дар он сурат мо метавонем ба рушди устувори фарогир ноил шавем."
Иштирокчиёни мизи мудаввар андешаҳо ва тавсияҳои худро оид ба беҳбуди вазъият баён намуда, инчунин бо таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба шуғли шахсони дорои маъюбият, ки аз ҷониби хонум Лаззат Калтаева, вакили Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод шудааст, шинос шуданд.
Ин ташаббус аз ҷониби Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ дар доираи татбиқи Стратегияи фарогирии шахсони дорои маъюбияти Дастаи кишварии СММ дастгирӣ карда мешавад. Стратегия заминаи пешрафти устувор ва дигаргунсозиро ба самти фарогирии шахсони дорои маъюбият дар тамоми соҳаҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид: сулҳу амният, ҳуқуқи инсон ва рушд мегузорад. Стратегия ба системаи СММ имкон медиҳад, ки иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ва дигар санадҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро дастгирӣ намояд.