Sebiston new 2024 october
Барои хушбахтии оилавӣ дар соли нав чӣ бояд кард?
30.12.2023
Ҷавҳар
737

 

Чӣ бояд кард, ки оилаҳои ҷавон мустаҳкам бошанд?

Ба суоли мазкур сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муаллимаи азиз, Мақсудахон Шарипова нуқтаи назари худро иброз менамоянд:

-Имрӯзҳо аксарият дар бораи аз байн рафтани урфу одати наҷиби оиладории ниёгони мо ва пош хӯрдани оилаҳои ҷавон бонги хатар мезананд. Чун сабабҳои аз ҳам ҷудо шудани оилаҳои ҷавонро шунида, таҳлил мекунем, аксарияти онҳо ҳалшавандаю осонанд, пас наход ба хотири як монеаи оддии зиндагӣ хонаи бахти бо сад ҳавас обод намудаи худро бо дастонамон вайрон намоем?! Дар гузашта оила барои ҳар нафар муқаддасот ба шумор мерафту ба хотири нигоҳ доштани обрӯ ва нуфузи он ҳар аъзояш масъул буданд. Имрӯз чӣ?! Чаро мардуми мо барои дупула гап калимаи даҳшатноки талоқро ба забон меоранд?

Як одати хеле хуби тоҷикона он аст, ки бонувони солори оила аз модар сар карда, то аммаю холаҳо дар гӯши духтари ба қад расидаи хонадон ҳамеша панд мехонанд. “Хонаи шавҳар оѓӯши гарми модар нест, ки нозу нуз намуда, эркагию шухӣ намоӣ, ҳама одатҳои бачагонаатро дар хонаи падарӣ гузошта, он гаҳ ба хонаи бахтат қадам мон!” Боз мақоле ҳаст, ки “Хонаи шӯ арра дорад, арраи шашпарра дорад!” Баъди каме ба камол расидан фаҳмидам, ки арраи шашпараи гуфтагии бибиёни сахтгирамон ин киноя аз мушкилоти оиладорист. Яъне, агар бо ақлу заковати худ зиндагиатро пеш бурда натавонӣ, дар дами арраи мушкилоти оиладорӣ ҷисмат орд мешавад. Духтаракони ҷавонро лозим аст, ки дар қатори касбу ҳунар, пазандагию дӯзандагӣ боз одоби муносибат бо аъзоёни оилаи шавҳарро ёд гиранд. Зеро муҳимтар аз ҳама ин маърифати гуфтор аст, ширинзабонию меҳрубонӣ аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, хоса бонувон ба ҳисоб рафта, метавонад соҳибашро дар дилу дидаҳо ҷо намояд. Хушдоманҳо ҳам дар навбати худ бояд ба келинҳо меҳрубону ҳидоятгар бошанд, ман ду келин дорам, ки онҳоро аз ду духтарам кам намедонам. Вақте онҳоро келин гирифтам, донишҷӯ буданд, дар давом додани таҳсилашон мусоидат кардам ва имрӯз соҳиби маълумоти олиянд.

                                           Сӯҳбати Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД