Formula september
Барги себи биҳӣ дарунравро манъ мекунад?
1107

Дар байни халқи мо мақоле ҳаст: «Дарунат рафт - қувватат рафт». Дарунрав шудам ва ҳаловатам гурехт. Ҳеҷ ҷоям дард намекунад, вале ман хаста шудаам. Баъд занам доруи халқиро истифода бурд, ман беҳтар шудам. Ман ин табобатро ба шумо низ тавсия медиҳам.

Шаш дона барги биҳиро шуста, 3 дақиқа ҷӯшонида мешавад. Як соат дам кунед ва 1-1,5 пиёла ширгарм бинӯшед.

Агар ҳоло барги биҳиро хушк карда гиред, ҳатто дар фасли зимистон дору дар даст доред.

Биҳӣ ба кадом бемориҳо шифо мебахшад?

Ҳангоми кушодани иштиҳо:

1 дона меваи биҳӣ аз реза гузаронида мешавад. Ба он, мувофиқи тамъ, асал ва 2 қошуқ сиркои себ илова кунед, хуб омехта кунед. Сипас 1 қошуқӣ 1 бор пеш аз хӯрок истеъмол кунед.

Ҳангоми камхунӣ (ҳангоми нарасидани оҳан):

Шарбат аз се меваи биҳии андозаи миёна гирифта мешавад. Чӣ қадаре, ки миқдори шарбат зиёд бошад, ҳамон қадар асал ҳамроҳ карда мешавад (1:1). Дар як рӯз 3 бор дар қисмҳо тақсим карда бинӯшед. Давомнокии табобат - як моҳ.

Дарунравӣ:

200 грамм меваи биҳӣ кӯфта, ба як литр оби ҷӯш рехта, дар оташи паст 20 дақиқа мепазанд. Сипас то шифо ёфтан ҳар соат 100 мл бинӯшед.

Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан:

Тухми биҳӣ дар зери забон ду соат гузошта, ҷаббида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД