Arzon march 2024
Баҳодур орзуи модарашро амалӣ гардонд
09.12.2022
ОИЛА
1130


Шаҳло Давлатова ва Баҳодур Ҷумаев ду ҳунарманди ҷавонеанд, ки бо фаъолияти муштарак аллакай мавқеи худро дар олами шоу-бизнеси тоҷик пайдо намудаанд.

Дуэтҳои сароидаи Шаҳло ва Баҳодурро, ки сабку услуби хоси худро доранд, қариб дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ вохӯрдан мумкин аст.

Аз рӯи шумораи мухлисони ин ҳунармандон хулоса кардан мумкин аст, ки бо вуҷуди зиёд будани шумораи сарояндаҳо дар кишвар Шаҳло ва Баҳодур ҷои худро дар ҷодаи ҳунар ёфтаанд.

Баҳодур Ҷумъаевро ро мардум бештар бо суруди “Оча, зангирум” мешиносанд. Аксари сурудҳои Баҳодур шӯх буда, бештар бо клипҳои ҷолибаш маъруфият пайдо кардааст.

Баҳодур Ҷумаев дар оилаи соҳибкор ба дунё омада, ӯро аз хурдӣ модараш барои санъаткор шудан ташвиқ кардааст. Дар оилае, ки се писар ба дунё омадааст, модарашон овозхон шудани яке аз фарзандонро мехост ва ин орзуи модарро Баҳодур ҷомаи амал пӯшонд.

Имрӯз Баҳодур низ оиладор ва соҳиби ду фарзанд буда, орзу дорад, ки писараш дар роҳи санъат муваффақ гардад. Ҳамарӯза аз паи эҷод аст, кӯшиш мекунад сурудҳои нав ба навро пешкаши мухлисон гардонад.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки кор барояш лаззате дорад, ки аз баҳраш гузашта наметавонад. Баҳодур бо шоир Субҳиддини Саттор ва дигарон ҳамкорӣ карда, дар ду- се рӯз як клипи худро омода ва таҳия месозад.

Дуэтҳои Баҳодур бо Шаҳло Давлатова “Ёр дорӣ”, ”Наташа”, Шакалотут намешам”, ”Шикасти зиндагӣ”, ”Хушдоманҷон”, ”Хостгорҳо” мхлисони сершумори худро дошта, дар Ютуб беш аз як миллион тамошобин пайдо кардаанд.Суруди тозаэҷоди онҳо бо номи “Ҷудоӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби мухлисон гарм пазироӣ гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД