Ё қиссаи зиндагии Маҳфуза
ва шавҳари нобиноаш
Маҳфуза дар кӯдакӣ аз модар ятим монд. Ӯ зодаи ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич буда, мактаби миёнаро бо баҳонаи хубу аъло хатм намуда, соли 2008 тибқи Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуда, онро бо муваффақият хатм кард.
Сомонаи ОИЛА ТҶ тасмим гирифт, суҳбатеро атрофи зиндагии ин бонуи чирадаст ва муваффақ анҷом диҳад. Лозим ба ёдоварист, ки ин зани муваффақ бо Абдумалик, ки гурӯҳи якуми маъюбӣ дорад, оила бунёд намудаву соҳиби ду фарзанди солиму дустрӯяк мебошанд.
Беҳтараш биёед идомаи суҳбатро аз худи эшон бишнавем.
Маҳфуза, чӣ гуна шумо Абдумаликро, ки зодаи дурдасти куҳистони ноҳияи Айнӣ аст, пайдо кардед?
(Механдад) Тақдири илоҳӣ буд, ки ӯро барои ман ҳаст карду ба сарнавишти ман пайваст намуд. Замони донишҷуии мо донишҷӯёни фаъолро аз донишгоҳҳо ҷамъ карда, ба сайру саёҳат ба шаҳру навоҳии вилоят мебурданд ва миёни донишҷуёни факултаҳо ҳар гуна озмунҳо доир мешуд. Соли 2012 барои иштирок дар озмуни “Садоӣ ҷавонӣ” ба Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд рафтам. Дар саҳни ҳавли Абдумалик дар даст тор ва дар чашм айнаки сиёҳ бо овози дилнишин ғазал месароид. Вақте наздашон рафта истодам, аз будани ман чизе ҳис накардагӣ барин эътибор надод. Фикр кардам, ки ҷавони ҳавобаландест, ки ҳатто ба будани шахс , масусан духтари ҷавон назараш намегирад.
Пас чӣ гуна пай бурдед, ки ӯ нобино аст ва гумонҳоро аз худ дур кардед?
То ба охир расидани суруд интизор шудам ва баъдан салом додам. Вақте суҳбат кардем, фаҳмидам, ки ӯ нобинои кул асту зиндагиро бо чашми дил мебинад. Шиносии мо ҳамин ҷой оғоз шуд.
Вақте фаҳмидед, ки ӯ нобино аст, интихоби шумо аз рӯи дилсӯзӣ буд ё воқеан ҳам ошиқ шудед?
Азбаски худам ятим ва дар хона-интернат калон шудаам, дилам пурдард буд ва дарди дили Абдумаликро дарк кардам. Медонед, вақте одам дард надорад, дарди касеро малҳам шуда наметавонад. Бисёриҳо бо тааҷуб мепурсиданд, ки чаро ту чашмони бино дорию як шавҳари нобиноро интихоб кардаӣ? Чашми дил гар кур бошад, дидаи бино чӣ суд? Ин аст посухи ҳамешагии ман
Интихоби ҳамсар ҳамеша бо розигии тарафайн багузор мешавад. Пайвандони шумо дар интихоби шумо монеагӣ накарданд?
Албатта зид буданд. Маро бибиям, тағоҳоям, ки калон карда буданд қатъиян норозигии худро баён карданд, вале бо дили пур гуфтам, ки мо оилаи ободу хушбахт мешавем, фақат розӣ шаведу дуогуй бошед кифоя ва ҳамин тавр мо 9 декабри соли 2012 оила барпо кардем.
Мушкилиҳои зиндагиро чӣ гуна бартараф мекардед?
Дар зиндагӣ азобҳои зиёд кашидем ва аз ҳама сахташ , азоби бехонагиро бештар. Ду сол дар хобгоҳи духтаронаи № 2 ДДХ бо кӯдаки навзод зиндагии сангине доштем ва шукр ки ҳамааш паси сар шуд. Ба дарди дили мо ХУдованд расиду Пешвои муаззами миллат моро соҳиби хона кард, ки аз ин фурсат истифода бурда бори дишар минатдории худро ба Президенти кишварамон мерасонам.
Гуфтед, ки соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяк ҳастед, нигоҳубини онҳо бароятон мушкил нест?
Шукри Худованд мекунам. Ман ду не се кӯдак дорам гӯям, хато намекунам. Чунки тамоми масъулияти нигоҳубини фарзанд ба душам аст ва аз ин нороҳат нестам ва шукр мекунам, ки ба бахти баланди модарӣ мушарраф шуда имрӯз бо фарзандонам зиндагиям ширину гуворост. Ҳолатҳое мешавад, ки кӯдакон зиёд гирву нола кунанд,ё бемор шаванд, шавҳарам худашонро нороҳат ҳис карда, “ман ҳам ба ту бор шудам-а?” хиҷолат мекашанд. Вале ман ҳаққи ҳамсариамро то имрӯз иҷро мекунаму дар оянда низ онро амалӣ менамоям.
П.С
Маҳфуза Ғолиби озмуни “Истеъдодҳо” дар соли 2021 ва дорандаи даҳҳои диплому ифтихорномаҳост. Ҳоло дар Гимназияи № 24 –и шаҳри Хуҷанд муаллима аст. Маҳфуза муаллима, шоира, оҳангсоз, рассом ва сузанидӯз мекунад.