Ба ифтихори Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки 24 октябр дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба шарикӣ барои рушди устувор намоишгоҳ баргузор карданд.
Дар намоишгоҳ, ки имрӯз, 24-уми октябр оғоз гардид ва он то 25-уми октябр давом меёбад, ниҳодҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо, фаъолон ва ниҳодҳои СММ, ки дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд, иштирок намуданд.
Чорабинии асосӣ намоиши аксҳо ва амалии 30-солагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо Ҳукумат, дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонӣ, самтҳои мавзӯӣ (об, пиряхҳо, коҳиш додани офатҳои табиӣ, иқтисоди сабз, баробарии гендерӣ, баробарӣ, ҳуқуқи инсон, рушди иҷтимоӣ, навоварӣ ва ғайра) буд.
Инчунин, ниҳодҳои СММ якчанд ҷаласаҳоро оид ба тағирёбии иқлим ва устувории муҳити зист, муҳоҷирати бехатар, муаррифии Мактаби фаъоли гендерӣ, Системаи омӯзиши амали гендерӣ (GALS), муколамаи ҷавонон оид ба иштироки ҷавонон ва фарогирии маъюбон доир мекунанд.
Бояд гуфт, ки Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) — созмони байналмилалӣ аст, ки кишварҳои пирӯз дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ барои пуштибонӣ ва устувории сулҳу амният дар ҷаҳон ва густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳо соли 1945 бунёд кардаанд.
Мақсади асосии СММ нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, инкишофи муносибатҳои аҳлона дар заминаи эҳтироми принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунӣ: ҳамкории байналмилалӣ доир ба ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, ҳавасмандгардонӣ нисбат ба ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 аз ифтитоҳи нахустин дафтари СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Нахустин намояндагиҳои СММ дар Тоҷикистон дар соли 1993 Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) ва Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон (UHCHR) буданд.
Фаъолияти ДНСММТ пешравии раванди сулҳ дар Тоҷикистон, мусоидат ба амалиётҳои сулҳпарвар ва кӯмаки фаврии башардӯстонаро таъмин намуд. Бинобар иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2000 дар асоси ДНСММТ бо ташаббуси Дабири кулли ҳамонвақтаи СММ ҷаноби Кофи Аннан Дафтари СММ оид ба сулҳофарӣ дар Тоҷикистон (ДСММСТ) таъсис дода шуд.
Айни замон Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Чаҳорчӯбаи нави ҳамкориҳои рушди устувор барои солҳои 2023-2026 ҳамкорӣ дорад ва он Тоҷикистонро дар ноил шудан ба афзалиятҳои миллӣ дастгирӣ мекунад.