Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон чорабинии идона баргузор гардид
04.12.2025
Oila.tj
87

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон чорабинии идона доир гашт, ки дар он вазир Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Ҳабибулло Хайруллозода, роҳбарону масъулини муассисаҳои соҳавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикон оид ба рушд ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, қабл аз оғози чорабинии расмӣ дар саҳни бинои вазорат намоиши дастовардҳои ин қишри ҷомеа доир гашт, ки роҳбарияти вазорат аз он дидан кард.

Таъкид гашт, ки шахсони дорои маъюбият узви комилҳуқуқи ҷомеаи демократии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Теъдоди умумии онҳо 170508 нафар буда, аз ин 34943 нафар кӯдакон мебошанд ва аз ҳиссаи умумии аҳолӣ 1,6%-ро ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ин ҷашн 50 нафар шахсони имконияташон маҳдуд бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ба онҳо ҳамзамон аробачаҳои маъюбӣ низ тақдим карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД