Рашки духтари угай
Фарзандони шавҳарамро мисли фарзандони худам қабул карда, кӯшиш мекардам, ки бе модар буданашонро эҳсос накунанд. Барояшон се вақт хӯроки гарм пухта, шикамашонро сер мекардам, онҳоро оббозӣ доронда, сару либосашонро шуста, дарзмол мекардам, ҳамроҳашон шӯхию бозӣ мекардам, то ки бо ман унс бигиранд, вале писаронаш маро мисли модар қабул карда бошанд ҳам, ҳеҷ ба дили духтари эркааш роҳ ёфта натавонистам. Духтари шавҳарам Гулина ном дошт ва ҳамеша ба ман мисли як душмани қаттол менигарист. Хурдсол бошад ҳам, бисёр духтари бадрашк буд ва гӯё модарашро ман кушта бошам, мудом бо ман дағалӣ карда, чунон гапҳои сахте мезад, ки ҳуш аз сарам мепарид. Рӯирост мегуфт, ки ту очаи мо нестӣ, сағераҳота гирифта аз ин хона даф шав, агар наравӣ камтар калон шавам, бачаҳота зада мекушам...
Аввалҳо ин суханони Гулинаро ман ҳамчун як таҳдиди кӯдакона қабул карда, аҳамият намедодам ва ба ӯ бештар меҳрубонӣ карда, кӯшиш мекардам, ки дилашро ба даст биёрам, вале рафтораш рӯз то рӯз бадтар мешуд, ки беҳтар не. Билохира, кор ба ҷое расид, ки духтари шавҳарам бачаҳои маро аввалҳо пинҳонӣ, баъдтар дар пеши чашми худам бераҳмона мезадагӣ шуд. Бо ҷомашӯӣ, хӯрокпазӣ ё ягон кори дигар банд шавам, лаҳзае нагузашта доду фиғони бачаҳоям баланд мешуд ва бо сари кафида ё сару рӯйи хуншор ба наздам меомаданд. Гулина ба мисли гурбаи ваҳшӣ сару рӯйи кӯдакони маро ханҷол зада, дашном медод, ки сағераҳои бесоҳиб, дадаи ман дадаи шумо нест, аз хонаи мо даф шавед. Рафтори ин духтарчаи бадрашк оҳиста-оҳиста ба бародаронаш низ таъсир кард ва онҳо ҳам бачаҳои маро лату кӯб мекардагӣ шуданд...
Шикасти дубораи бахт
Ман дигар тоқати ранҷ кашидани фарзандонамро надоштам ва маҷбур шудам, ки як шом рафтори бачаҳояшро ба Низом бигӯям. Шавҳарам ба ҷойи он ки фарзанднашро насиҳат кунад, баръакс аз онҳо пуштибонӣ карда гуфт:
-Беҳуда намегуфтаанд, ки “шикамба пӯсту душман дӯст намешавад, моиндар, ки ҳастӣ, моиндариатро карда ту маро бо фарзандонам душман кардан мехоҳӣ. Дониста бош, ки ман ҳаргиз барои ту шуда, ягон фарзандамро ҷанг ва лату кӯб намекунам. Зан ёфт мешавад, вале фарзанд не! Хоҳӣ тоқат карда мегардӣ, нахоҳӣ чор тарафат қибла!”
Дарёфтам, ки бо ин мард дар ин мавзӯъ дигар сӯҳбат кардан маънӣ надорад ва бачаҳояш кӯдакони маро зада кушанд ҳам, миллааш ғам намехӯрад, аз ҳамин хотир рӯзи дигар чизе нагуфта, фарзандонамро гирифтаму ба кулбачаи аз падарам мерос монда баргаштам...
Дар набарди зиндагӣ
Пас аз ин чанд марди дигар хостгорам шуданд, вале қасам хӯрдам, ки дигар шавҳар намекунам. Тамоми дороии ман дар зиндагӣ ҳамин ду фарзандам буд ва намехостам, ки онҳо пеши пойи паиндар хору зор шаванд, аз ҳамин хотир миёнамро маҳкам баста, мисли пештара худам кашидани аробаи зиндагиро бар дӯш гирифтам. Кишту кор мекардам, зарур шавад дар хонаҳои одамони сарватманд хизматгорӣ мекардам ва худро ба сад дар зада, ризқу рӯзии бачаҳоямро бо меҳнати ҳалол ба даст меовардам. Ҳамин тавр бо азобҳои алим фарзандонамро ба воя расонидам, вале ...
Писарам ба Русия рафту...
Писари калониам мактабро хатм кард. Мехостам ба ягон донишгоҳи олӣ дохил шуда хонад ва ба қатори одамон дарояд, вале ӯ хонданро ба гардан нагирифта гуфт:
-Оча, хондагиҳо чӣ шуданд, ки ман шавам?! Беҳтараш ба Русия рафта кор мекунам ва пул ҷамъ карда меоям ва барои худам хона мехарам, охир баъди ду-се сол ман бояд хонадор шавам. Дар ин кулбаи хурдакак чи хел чандкаса зиндагӣ мекунем. Падар надорам, ки фикри моро кунад, барои ҳамин аз ҳоло ман бояд дар фикри зиндагии ояндаи худам бошам...
Раҳима Охонлаълова