Arzon march 2024
"Бабри барфӣ" филми тасвирӣ мешавад
612

 

29-уми апрели соли равон Маҳмадсаид Шоҳиён, директори МД «Тоҷикфилм» бо Алексей Телнов, директори генералии киностудияи “Лендок”-и Русия роҷеъ ба таҳияи филмҳои муштарак мулоқот карданд.

 

 

Таъкид гардид, ки дар асоси Меморандуми ҳамкорӣ миёни “Тоҷикфилм” ва “Лендок” минбаъд таҳия ва наворбардории филмҳои ҳунарии “Оромӣ дар кӯҳҳо”, “Афсонаи пирмард Хаттаб”, филми мустанади “Масҷид” ва филми тасвирии “Бабри барфӣ” дар назар дошта шудааст.

Аҳли эҷоди киностудияи “Лендок” ҳоло дар болои филмнома кор карда, пас аз пурра омода шудан барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҳайати мушовараи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод карда мешавад.

Дар таҳияи филм аҳли эҷоду техникӣ ва ҳунарпешаҳои тоҷик ҷалб карда шуда, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодӣ ва ҳунарпешаҳои рус ва ҳунарпешаҳои дигар кишварҳо рӯйи навор оварда мешавад.

Сарвари киностудияи “Лендок” муддати ду рӯз аз ҷойҳои таърихию сайёҳӣ ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон НБО “Норак”, “Хоҷа оби гарм”, дараи Варзоб ва Қалъаи Ҳисор дидан намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД