Commerc banl
Ба занони соҳибкор аз 40 ҳазор то 110 ҳазор сомонӣ грантҳои президентӣ дода мешаванд
11.03.2026
Оила
69

Ба занони соҳибкор аз 40 ҳазор то 110 ҳазор сомонӣ грантҳои президентӣ дода мешаванд

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти грантҳои президентӣ дар соли 20126 озмун эълон намудааст.

Грантҳои президентӣ бо мақсади дастгирии бонувони соҳибкор ҷудо шуда, соли равон 200 нафар занон метавонанд барои рушд додани соҳибкории худ соҳиби гранти бебозгашт гарданд. Маблағҳои грантӣ асосан барои лоиҳаҳое ҷудо карда мешаванд, ки ҳадафашон эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, кушодани коргоҳҳои хурд, қолинбофӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди меваи хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Барои ҳар як лоиҳа аз 40 ҳазор то 110 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Мувофиқи талаботи озмун лоиҳаҳо бояд ба забони тоҷикӣ дар ҳаҷми на бештар аз 5 саҳифа дар формати MS Word бо ҳуруфи Times New Roman-14 нуқта пешниҳод карда шаванд.Дархостҳо то санаи 15-уми апрель кабул карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳоро ба суроғаи зерин пешниҳод кардан лозим аст:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Академик Раҷабов, 3.

Маълумоти иловагиро метавонед тариқи телефонҳои зерин бигиред: 227-91-17, 221-34-71 ва 227-24-38

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД