arzon replenishment
Ба Шуҷоат Ҷалолиддинов чӣ шуд?
884

Шуҷоат Ҷалолиддинов ё Қурбон Ҷанҷолиёне, ки ҳама мешиносанд, имрӯз дар беморхона бистарист. Дар ин бора рӯзноманигор Парвиз Ашуров дар саҳифаи фейсбукаш иттилоъ додааст.

Дар навори якдақиқаинаи ин рӯзноманигор дида мешавад, ки ҳунарманд Шуҷоат Асадуллозода бо дасту пойии докапеч дар рӯи бистар хобидааст. Дасту пойи чапи ӯ бо гаҷ маҳкаманд. Сабаби иллат маълум нест ва худи ҳунрманд низ “як беақлие дар давраи ҷавонӣ” гуфт.

Шуҷоат яке аз қаҳрамонҳои серҳаводори сериали маъруфи “Ишқ, пул, Душанбе” аст, ки дар чанд қисми охир бинобар сабаби фавт дар намоиш аз майдони сабт рафт. Қисми аввали ин филм тобистони соли 2020 ба Ютуб роҳ ёфтаву ҳоло наздик ба 90 қисми он таҳия ва нашр гардидааст ва яке аз филмҳои сарсилсилаи тоҷик мебошад.

Силсилафилмро коргардони ҷавон Набиҷон Пирматов ба навор гирифтааст, ки муаллифи сенария, коргардон ва бозигари нақши асосӣ ҳам худи ӯст. Ҳар як қисми филм беш аз 20 дақиқа тӯл мекашад. Сужаи он сода буда, аксари нақшҳоро блогерон, сарояндаҳо ва дигар ҳунармандони ғайриҳирфаӣ бозидаанд.

Аз рӯи сужаи силсилафилм як гӯрӯҳ мардони муҷаррад ба ҳам омадаанд. Қаҳрамони асосии филм – Шоҳрух (Набиҷон Пирматов) бо бародари бузурги худ Қурбон (Шуҷоат Ҷалолиддинов) ва падараш (Ғаниҷон Олимов) дар як хонаи хоксорона дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Мушкилоти асосӣ ин норасоии пул аст ва кулли сужаи силсилафилм дар атрофи ба даст овардани маблағ ҷараён мегирад.

Чеҳраи шинохта барои бисёре аз тамошобинон – ҳунарманди касбӣ Шуҷоат Ҷалолиддинов дар нақши Қурбони айнакпӯш гардид, ки дар ин силсилафилм лақаби Гарри Поттерро гирифтааст. Дар шарҳҳои YouTube бошад, тамошобинон ӯро Ҷаноб Бини тоҷикӣ ном гузоштанд. Ҳарчанд ки ҳунарманд 12- соли таҷрибаи корӣ дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дорад ва дар 17 филм нақш офаридааст (!), ба тамошобинон маҳз дар симои ботаник – Қурбон шинохта шуд.

Ӯ ба тамошобинон чунон писанд омад, ки акнун онҳо пас аз ҳар як қисм суханони ҷолибтарини ӯро дар шарҳҳо иқтибос меоранд. Масалан, пас аз кӯшиши номуваффақи хостгории Мадина, ӯ хушдомани ояндаи худро ба бародараш чунин тавсиф мекунад: “Ҳами занак мара шушт, тарм кад, қоқм кад, офтобм кад, ҷавобм дод”.  Ҳоло ин ибораро ҷавонони Душанбе дар суҳбат миёни ҳамдигар истифода мебаранд.

Шуҷоат 8 марти соли 1986 дар ноҳияи Файзобод дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст. Ин ҳунарманд ду бор издивоҷ кардаасту аз издивоҷи нахуст духтаре бо номи Нӯшофарин дорад. Ӯ бори дувум, бо Насиба, маъмури толори намоиш ва ҳамкори кунуниаш издивоҷ кард ва аз он соҳиби ду духтар — Сафия ва Беназир ҳастанд.

Имрӯз Шуҷоат Ҷалолиддинов ҳунарпешаи Театри давлатии академии драммаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва омӯзгори кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон аст. Ӯ дар намоишҳои театрӣ нақшҳои зиёде бозидааст, ки нақши Кавсан дар намоиши «Кавсан»-и Ҷумъа Қудус аз ҷумлаи онҳост.

Ин ҳунарманд дар 18 филм нақш офаридааст. Охирон дар силсилафилми мазҳакаи кӯтоҳи «Ишқ, пул, Душанбе» нақши Қурбонро офарид ва ҳоло дар клипҳои сарояндаҳо низ ҳунарнамоӣ мекунад.

Шуҷоат Ҷалолиддинов сазовори ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» барои иҷрои нақши пизишк аз намоиши «Пизишки парон» дар Ҷашнвораи «Парасту-2017» гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД