Салом “Оила”-и дардошно! Ман Садаф, хонандаи ҳамешагии шумоям. Маро зиндагии беранг маҷбур намуд, ки қаламу коғаз ба даст гирифта, ба редаксия мактуб нависам. Ростӣ, маро камбудии рӯзгор ва ё гапи сарди хушдоман не, маро бепарвоии шавҳарам ҷонбезор кардааст.
Ба дугонаам Шаҳло ҳавасам меояд, чунки шавҳари ғамхор дар бараш дорад. Вақте ки аз кор ё тӯю ҷамъомаде дер бароем, шавҳараш ӯро пешвоз гирифта, бо мошини қиматбаҳояш ба хона мебарад. Шавҳари ман бошад, ҳаргиз ин корро намекунад. Мумсик асту як бор намепурсад, ки занак дар куҷоӣ?! Борҳо пурсидам, ки чаро бо ман мисли шавҳари дугонаам рафтор намекунӣ? Шарм надошта мегӯяд, ки кӯча пури одам аст ва ман барои туро пешвоз гирифтан шарм медорам. Намехоҳам мардум ба ҳоли ман хандида, масхараам намоянд. Хашму ғазабам омаду гуфтам, ки кӯчаи ман мегузашта торик ва сагони дайдуяш бисёр асту то ба хона омада расидан, чанд бор мурда зинда мешавам, вале ӯро ба ин коре нест. Борҳо гуфт, ки дар хона бишину дугонабозӣ накун. Чунин рафтораш маро аз зиндагӣ ва оламу одам хунук гардонидааст. Шавҳари ман то андозае беаҳамият ва бепарвост, ки тасвир надорад. Дар рафъ намудани мушкилоти хона ва тарбияи фарзандон бошад, тамоман худро ғам намедиҳад. Бо ин шавҳари бепарвофалак то охири умр чӣ гуна зиндагӣ мекарда бошам. Аз ӯ ҷудо шавам? Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?
Садаф, н. Шаҳринав
Маслиҳат:
Шавҳари шумо шабҳо танҳо аз кор ба хона бармегардад ва чун бо ў чизе рух надодааст, чунин мешуморад, ки бо шумо низ ҳеҷ воқеа рух намедиҳад, бинобар ин барои аз кӯчаҳои торик қадам заданатон дар ташвиш нест, Хоҳед, ки ин ҳолат тағйир ёбад, ба ӯ фаҳмонед, ки аз кӯчаҳои беодами ториқ ме-
тарсед. Шояд ин гап ба ӯ маъқул нашавад. Шумо гуфтан гиред. Оҳиста оҳиста ба ин одат мекунад ва фикри пешвозгириро дар майнаи худ ҷой медиҳад. Пешгирии хатар беҳтар аст, аз қаҳр ва беэътиной.