goodwell
Ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода мешавад, ки дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хона харанд
132

Бо шарофати тағйироти ба Қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” воридшуда, ки дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода мешавад, ки дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хона харанд.

Тағйироти мазкур ба қисми 2-и моддаи 11-и Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дахл дорад. Қонунгузории кишвари мо то ин замон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд иҷозати гирифтани манзили муваққатӣ - иҷораро дода буд, вале онҳо ҳуқуқ надоштанд бинои истиқоматӣ ва дигар амволи ба фонди манзил шомилгаштаро ҳамчун соҳибмулк ба расмият дароранд.

Тибқи тағйироти нави ба қонунгузорӣ воридшуда ба шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд иҷоза дода мешавад, ки дар ҷойҳои муайянкардаи ҳукумат манзил харидорӣ намуда, ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ кунанд, вале дақиқ гуфта нашудааст, ки ин минтақаҳо кадомҳоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД