Парвин Юсуфӣ, овозхони 51-солаи тоҷик дар Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Бинобар иттилои дарёфтӣ, овозхон санаи 20-уми сентябри соли ҷорӣ баъди ҳунарнамоӣ дар як чорабинӣ ба фалокат дучор шуда, пояшро шикастааст.
Хонум Юсуфӣ ҷарроҳиро бомуваффақият паси сар карда, то беҳтар шудани вазъи саломатиаш дар беморхона бистарӣ хоҳад буд. Ҳамчунин, як гурӯҳ дӯстони овозхон ба аёдати ӯ рафта, аз бемористон хабар додаанд, ки ҳоли Парвин Юсуфӣ хуб аст ва хатари ҷиддие ба саломатии ӯ таҳдид намекунад. Кулли мухлисону ҳаводорони овозхон низ ба сарояндаи дӯстдоштаашон шифои оҷилу комилро талаб кардаанд.
Парвин Юсуфӣ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буда, бештар таронаҳои классикӣ ва халқӣ месарояд, ки доираи мухлисону шунавандагони худро дорад.