Sebiston new 2024 october
БА МЕҲРИ ПАДАР НИЁЗ ДОРАМ(ҚИСМИ 8)
1875

ДАВОМАШ...

Қарибиҳои шом милисаҳо аз доманаи пуштаи болои деҳа ҷасадеро дарёфт карданду ба хонаи Диловар оварданд. Лекин ин маитро сар набуд. Милисаҳо аз гардан болои онро наёфтанд.


Тани маит бошад, бо корд рах-рах чок карда шуда буд, ки аз нишонаҳои танаш кӣ будани онро тасдиқ карда намешуд, вале аксаран инро ба Диловар нисбат медоданд. Ҷасадро ба зану фарзанди Диловар нишон намедоданд. Мӯйсафедону калонсолони деҳа фикр мекарданд, ки агар зану кӯдаки Диловар ин ҷасадро дар ин шакл бинанд, девона мешаванд ё аз тарсу ҳарос ба ягон беморӣ гирифтор мегарданд.

Рӯзи дигар шуду ҷасадро Диловар гуфта ҷаноза карда гӯрониданд. Вале ҳафтаҳо дар бораи Диловар будан ё набудан маит байни ҳамсояҳо баҳсҳо мехест. Фақат муллоимом ва чанд нафари дигар ҷасади Диловар будани онро рад мекарданд. Дигарҳо бошанд, баръакс. Мегуфтанд, ки агар он ҷасади Диловар намешуд, то ин дам Диловар пайдо мегашт ва ё аз ӯ хабаре мерасид…

Сайёраву Фирӯза аз шабе, ки Диловарро бурда буданд, як лаҳза хомӯш наменишастанд, пайваста гиря мекарданд. Аз замоне, ки майитро оварда, Диловар гуфта ҷаноза карданд, қариб то як ҳафта Сайёра дам ба дам аз ҳуш мерафт. Фирӯзаро ҳам ҳолаш аз ҳоли модар бадтар мешуд. ӯ мисли моҳии дар хушкиафтида худро ба ҳар тараф мезад, гоҳ аз ҳуш мерафту гоҳ ба ҳуш меомад…

Як ҳафта сипарӣ шуд. Фирӯза ҷойи бозияшро- пушти дарвозаро тарк карда буд, ӯ дигар дар ин канори роҳ падарашро интизор намешуд, вале дили нозуки ӯ ба марги падараш бовар намекард; чашмонашро бошад, роҳи сангфарши деҳа чун оҳанрабо ба сӯйи худ мекашид, яъне Фирӯза аз бетоқатӣ мехост ба кӯча барояду роҳи падарашро интизор шавад ва падараш баргардаду дастонашро бар гардани падарҷонаш ҳалқа карда, ба сару рӯйи вай бӯса занад; чуқур-чуқур аз назди гардани падар нафас гирад. Ҳамин тавр, дар қалбаш умеде оид ба бозгашти падарҷонаш мехуфт. Аммо баъди ҳафтаҳо маҷбур шуд сафари бебозгашти падаршро қабул кунад.

Рӯз аз рӯз ҳоли Сайёраву Фирӯза бадтар мегашт. Охир, чӣ тавр ҳолашон бадтар нашавад, ки ягона пушту паноҳ, такягоҳ ва нозбардору ғамхорашонро аз даст доданд. Дигар ба онҳо ҳеҷ кас дар зиндагӣ кӯмак намекунад, ҳеҷ кас пушту паноҳашон шуда наметавонад, ҳеҷ кас мисли Диловар ба онҳо хӯроку либос намеорад.

Рӯзу ҳафтаву моҳҳо пушти ҳам мисли донаҳои тасбеҳ мегузаштанд. Фирӯзаи панҷсола ҳеҷ ба худ намеомад. ӯ рӯз аз рӯз аз ғами падар харобу хазон шуда мемонд. Аз рӯзи марги падараш майли хӯрокхӯрӣ намекард, иштиҳояш банд буд. Луқмае аз гулӯяш ба ҳазур намегузашт. Ҳар ҳафта то ду –се маротиба ҳарораташ баланд мешуд. Боз шабҳо дар хобаш «атаҷон» гуфта, гиря мекард ва аз ҷой якбора меҷаст…

Сайёра чун мурғи паршикаста дар биёбони тафсон танҳо монд. ӯ ба кадом самт ҳаракат карданашро намедонист. Ғаму алам дар дилаш лона мекард. Аз як тараф, ғаму дарди шавҳар, аз тарафи дигар, Фирӯзаҷони хурдсол ва аз тарафи сеюм таҳдидҳои бародари шавҳараш ҷони ӯро ба лаб меоварданд. Дастрас кардани хӯрду хӯрок ҳам барои ӯ мушкил буд. Барои шиками худу духтараш маҷбур мешуд ба ҷустуҷӯи ҷойи кор барояд. Дар ягон совхоз ва ё идораву ташкилот барои худ кори мувофиқе ёбад.

Як сол нагузашта буд, ки ба сари Сайёра мушкилии дигаре омад. Ба қавле, болои сӯхта намакоб рехт. Бародари ҳамсараш, ки дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ мекард, Сайёраро аз хонаву дар маҳрум кардан хост. ӯро маҷбур мекард, ки лоқу парашро гирифта аз хона баромада равад. Аммо Сайёраи бечора ба куҷо рафта метавонист? ӯ дигар ҳеҷ ҷойи рафт надошт. Хонаи падараш ҳам Сайёраву Фирӯзаро ғунҷонида наметавонист, чунки падараш кайҳо аз ӯ рӯ гардонда буд. Сабабаш дар он буд, ки мулло Акбар-падари Сайёра рӯзи тӯйи домодиву арӯсии Диловару Сайёра дӯстдории ин ду дилдодаро (онҳо аз даври мактабхонияшон ҳамдигарро дӯст медоштанд) фаҳмида, гӯё хилофи қонунҳои шариати Ислом бошад, шӯру ғавғоро бардошт. «Духтарам маро шараманда кард, бо ин ҷавон пештар мегаштааст, обу рӯйи маро дар назди мардум резонд»,- гуфта, дигар дидани рӯйи духтарашро нахост ва дар ҳамин рӯз Сайёраро, ба қавле «оқ» кард.

Мулло Акбар марди ақлкӯтоҳи якрав буд. Азбаски саводу ақли кофӣ надошт, беандеша амал мекард; ҳар кори ҳаққу ноҳақро ба таври худ дуруст шуморида, иҷрояшро ҳатмӣ медонист. Мабодо дар маъракаҳои деҳа масъалаи баҳсталабе ба миён меомад, ӯ сару садояшро баланд карда, гапашро мегузаронд. Илова бар ин, ӯ   гаправ буд. Касе ба ӯ дар иҷрои ягон кор маслиҳат медоду ба вай маъқул мешуд, «сарашро дар санг зада» он корро иҷро мекард. Масалан, аз баҳри Сайёра бо маслиҳати як муллои чалласаводи дигар, ки ӯро устоди худ мешумурд, гузашта буд. Яъне, он мулло рӯзи тӯйи Сайёра ошиқии ин ду дилдодаро шунида, ба Акбар хабар дод ва боз таъкид кард: «Духтари мусулмон бояд ба ҳеҷ кас дил набандад. Бо ҷавони бегона гап задани духтар дар ислом ҳаром аст ва инро дини мубини Ислом иҷозат намедиҳад. Падару модари чунин духтар бояд аз баҳри духтарашон гузаранд. Агар нагузаранд, даюс ҳисоб мехӯранд ва рӯзи қиёмат ҷавобашро медиҳанд». Ана мулло Акбар фирефтаи ҳамин суханҳои нимчамулло гашту ба духтараш чунин рафторро раво дид. Вақте ки дили ӯ аз ҷангу ҷанҷол хунук шуду аз баҳри Сайёра гузашт, даруни ҳуҷра, ки дар он ҷо «устодаш» менишаст, даромада гуфт: «Чӣ хел кардам-ҳа? Ба фикрам кори хубро анҷом додам». Муллои маслиҳатчӣ дар ҷавоб: «Ин беҳтарин кори савоб. Иншооллоҳ, фардо- рӯзи қиёмат ту дар назди Худованд ва расули ӯ азиз мешавӣ, бо ин рафторат мақому мартабаи махсус мегирӣ»-гуфт.

Акбар ба гуфтаҳои ин муллои чалласавод боварӣ дошт. Аз рӯйи маслиҳати вай аз баҳри духтараш гузашт. Занашро ҳам маҷбур кард, ки аз баҳри духтараш гузарад. Ҳамин тариқ, ӯ худро назди мардум шарманда ва назди Худованд гунаҳгор сохт. Ин рафтори ғайриинсонии ӯ нафрати дигаронро ба вуҷуд овард...

Баъд аз маросими ақди никоҳ, ки бо ҷангу ҷанҷол анҷом пазируфт, падари Сайёра- мулло Акбар таъкид кард, ки Сайёра дигар ба хонаи ӯ қадам намонад. Ана аз ҳамон рӯзи тӯй то ҳанӯз Сайёра хонаи падарро надидааст, ҳатто рӯйи падарро низ. Бародаронаш дар аввалҳо аз падарашон пинҳонӣ Сайёраро хабаргирӣ мерафтанд, як чӣ ним чӣ ба ӯ мебурданд. Аммо, вақте ки падарашон аз ин кори онҳо хабар ёфт, сади роҳи онҳо шуд. Дигар касе суроғи Сайёра намекард.

Сайёра ҳамон рӯзи тӯй бо чашмони гирёну дили пур аз ғаму андӯҳ ба хонаи шавҳараш, ба деҳаи Ҳафтчашма омад. То чанд рӯзи дигар гапу гуфтаҳои падар ба гӯшаш садо медод. Ин рафтори падар майнаи ӯро гич мекард. Лекин меҳру муҳаббат, ғамхориву дилбардорӣ ва матонату мардонагии Диловар ӯро аз ин чанги андешаву бадгумонии падар раҳонид. Аз ҳамон лаҳзаҳо ягона умед, соябон, пушту паноҳи Сайёра Диловар шуд. ӯ гӯё аз ҳамон рӯзҳо ҳама меҳру муҳаббаташро якҷо ҷамъ карда, ба Диловар ато карда буду дар паноҳи қанотҳои Диловар умр ба сар мебурд.

Фирӯза аз қаъри уқёнуси андешаҳо ба хушкӣ афтод. Дигар намехост давоми он сафҳаҳои пур аз тазодҳо ва талху пуршӯрашро аз нав варақгардон кунаду дарду аламашро дар вуҷудаш шӯронад. ӯ ҳар боре, ки як рӯзи гузаштаро ба хотир меовард, ашк аз чашмонаш маҷро гирифта, бари рухсораҳояшро шуста мемонд. Нафраташ ба зиндагӣ, ба рӯзҳои гузашта ва ба шахсоне, ки ӯву модарашро азобу азият медоданд, меафзуд. Ҳамин тавр, Фирӯза баъд аз марги падар рӯзеро аз гузаштаи худ ба хотир надорад, ки бо шодиву табассум оғоз шаваду бо ҳамин ба поён бирасад, байни рӯзҳо ҳеҷ рӯзеро то ҳанӯз ёд надорад, ки барои вай хушҳолӣ оварда бошад, ҳама рӯз, ҳама соату дақиқа дар дили ӯ ғаму дарди нав ба нав зам мешуд…

Фирӯза хӯрокро омода кард. Онро дар лаълӣ бардошта назди хоҳараш Таманно гузошт. Хоҳараш даст ба лаълӣ дароз кард. Як луқма аз таъом ба даҳон бурд, аммо луқмаи дуюмро бе нон хӯрдан нахост. Таманно аз чор гӯшаи дастурхон нон ҷӯст. Вай аз дастурхон ҳатто нонреза наёфт ва рӯяшро турш карда, ба Фирӯза нигоҳ карду гуфт:

-Ман инро бе нон намехӯрам. Барои ман нон биёред.

Фирӯза ба рӯйи хоҳараш нигариста, чашмони намноки варамашро аз ашк пок карду ҷавоб дод:

-Таманноҷон, ту хӯрдан гир, ҳозир ман нон мепазам.

-Не, ман бе нон намехӯрам,- ба гиря оғоз кард Таманно

Фирӯза ба хоҳараш чӣ гуфтанашро надонист, чунки дар хона ягон луқма нон набуд. Ҳатто орд ҳам. Танҳо дар суфра ним коса орд буду халос.

Фирӯза назди хоҳараш Таманно нишаста натавонист. Аниқтараш ба нон гуфта дод задании вай тоб наовард. Дар назараш ин «нонгӯӣ»-и хоҳараш мисли тири пайкон бар ҷигараш мехалид. Аз ин рӯ, Фирӯза аз ҷой хеста ба ошхона даромад ва ба худ гуфт: «Ин рӯз, ин нонгӯиро худам ҳам такрор карда будам. Офарин ба модарам! Чӣ тавр ба доду войи ман тоб меовард?…»

Фирӯза маҷбур шуд ба хотири хоҳараш ним коса орди суфраро, ки ним нон мешуд, бехта хамир кунад. ӯ хамир кард. Нон пухт. Лекин ин нони пухтаи вай хоҳарашро сер карда наметавонист. Худаш бошад, ба гуруснагӣ тоб меоварду боре ба модараш аз набудани орду равған дар хона хабар намедод. Барои он хабар намедод, ки ба модар раҳмаш меомад. Охир, чӣ гуна раҳмаш наояд, ки модараш шабу рӯз медаваду маблағи ночиз ба даст меорад ва маблағи ба дастовардаи модар ба иҷорапулӣ, пардохти қувваи барқ ва хӯрду хӯрока басандагӣ намекунад. Модари бечора маблағи ёфтаашро намедонад ба кадоме аз инҳо сарф кунад: пули иҷораи хонаро диҳад, қувваи барқро пардохт намояд ва ё барои кӯдаконаш хӯрока харад? Агар сари моҳ иҷорапулии хонаро надиҳад, соҳибхона аз хона пешашон мекунад…
ИДОМА ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД