Ман Маҳина, аз н. Қумсангир. Шаш сол пеш маро ба шавҳар доданд. Дар хонаи падар мисли дигар сокинони деҳа дар саҳро кор мекардам.
Ҳатто як рӯз пеш аз тӯям ба ҷуворичинӣ рафта будам. Мо оилавӣ зиндагиамонро аз ҳисоби замини хоҷагӣ пеш мебарем. Хулоса, ман як духтари одӣ ба воя расидаам. Баъд аз тӯй, дар аввал муносибати ман бо хушдоманам чандон бад набуд. Аммо дар хонаводаи хушдоманам одате будааст, ки якдигарро зоҳиран кам меҳрубонӣ мекардаанд.
Ман бошам, дар оилае ба воя расидаам, ки он ҷо ҳама чӣ ошкоро аст, касе аз дӯстдорӣ кардан шарм намедорад. Ҳатто падарам дар назди мо бо модарам шӯхӣ карда, суханҳои ширин мегуфтанд. Аммо хушдоманам ин рафтори маро “золӣ” меномад ва ҳатто дар байни ҳамсояҳо “актриса” ном мондааст. Чандин бор хостам ба шавҳарам меҳрубонӣ карда, ақаллан дар зодрӯзаш назди хонавода бо суханони пурмеҳр табрикаш кунам, аммо ин рафторам ба хушдоманам хуш наомад.
Мебинам, ки рафтору меҳрубониҳоям ба шавҳарам писанд аст, вале аксаран хоҳиш мекунад, ки дар назди аҳли хонавода бо ӯ ҷиддӣ гап занам. Хеле мехоҳам бо шавҳарам озод бошам, вале аз қошу қавоқи хушдоманам метарсам. Ба ман маслиҳат диҳед, ба хушдоманам чӣ гуна фаҳмонам, ки ман “актриса” нестам?