Шуруъ аз моҳи октбяр дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва марказҳои тиббии маҳаллӣ ба духтарони синни 10-14-сола бар зидди вируси папилломаи одам дору-ваксина гузаронида мешавад. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар додааст.
Қарор дар бораи эмкунии духтарон бар зидди вируси папилломаи одам 24-уми июли соли равон аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул шуда, таҳти роҳбарии ҷонишини сарвазири мамлакат комиссияи босалоҳияти ҳукуматӣ созмон дода шудааст.
Даври аввали эмкунии духтарон моҳи октябри соли 2025 ба нақша гирифта шуда, як моҳ идома меёбад ва дар ин давра ба духтарони синни 10-14-сола ваксина гузаронида мешавад. Духтарони 10-сола минбаъд тибқи ин барнома пайваста ваксинатсия карда мешаванд.
Эмкунии духтарон ройгон буда, дар тамоми мактабҳо барои гузаронидани дору-ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба толибаҳо ҳуҷраҳои алоҳида ташкил карда мешаванд.
Духтарон метавонанд ҳамчунин дар марказҳои тиббии маҳали зисти худ ба таври ройгон ваксинаи зидди папилломаи одамро бигиранд.
Вируси папилломаи одам ба гурӯҳи вирусҳое дохил мешавад, ки ба пӯст ва пардаҳои луобӣ зарар мерасонад. Ин вирус дар вуҷуди бисёриҳо ҳаст, вале худашон аз мавҷудияти он хабар надоранд.
Вируси папилломаи одам боиси пайдо шудани папиломаю бородавкаҳо дар пӯст мегардад. Ин вирус аз он ҷиҳат хатарнок аст, ки занону духтаронро ба варамҳои саратонӣ, аз ҷумла саратони гарданаи бачадон гирифтор карда метавонад.