Sebiston new 2024 october
Ба қадри занам баъди маргаш расидам
4602

 

Ман аз бачагӣ ҷавони боғурур будам ва назарам ҳар касро намегирифт. Духтаронро ҳамеша фиреб мекардам ва бо ҳеҷ яки онҳо муносибати ҷиддӣ надоштам. Дар синни 22 солагӣ феълу рафтори маро дида, ба хотири ислоҳ шуданам хонадор карданд. Дар тақдирам як зани солеҳа ва хубу порсо навишта шуда будааст. Ман бо занам низ рафторҳои аҳмақонаи худро идома додам. Занам ба ҳама кору рафтори ношоистаи ман сабр намуда, тамоми фармонҳои аҳмақонаи маро бе чуну чаро иҷро мекард. Ҳамсарамро падараш вафот карда, модараш дуюмбора ба шавҳар баромада буд. Аз падарандараш боз ду додару се хоҳар дошт, ки хеле бо ҳамдигар меҳрубон буданд. Падари угаяш ҳар вақте маро медид: “Боз духтарамро азоб надиҳӣ, ки омада, мебарамаш” гуфта, таъкид мекард. Ман бошам, нисбати ҳамсарам дилхоҳ таҳқирро раво дида, “Ту ба касе даркор нестӣ” мегуфтаму механдидам. Пайи ҳам соҳиби шаш фарзанд шудем. Онҳо бо кӯмаки бевоситаи модарашон ба воя расида, хонадор шуданд. Садоқати ҳамсарро бубинед, ки тӯли ин қадар сол ба рӯйи ман нигоҳи бад накард. Рӯзе маълум шуд, ки ҳамсарам бемори дил шудааст. Баъд аз муддате мо ӯро аз даст додем. Ман акнун фаҳмидам, ки ӯ барои ман чӣ қадар азиз будааст. Нав ба қадраш расидам. Ғами ӯ маро хуни ҷигар мекунад. Аз ин минбари баланд ба руҳу арвоҳи ҳамсари марҳуми худ гуфтаниам: Ором, бихоб азизам! Ман аз ту розиам.

Маҳмуд, ш. Ҳисор

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД