Падарам барвақтин дунёи фониро падрудгуфтумо се ҷигаргӯшааш зери қаноти модар ба камол расидем. Ман дар хонадонамон фарзанди калониям. Дар бозор меваву сабзавот фурӯхта зиндагии модараму додаронамро пеш мебарам. Аз чи бошад, ки модарам даромадамро дӯст медораду худамро чашми дидан надорад. Ҳар субҳу шом дар сари дастархон заҳри забон мезанадам.
Намедонам чаро инқадар таъна мезанад. Пули ҷамъкардаам сарфи зиндагиву роҳпулии бародаронам мешавад, аз ман модарам боз чӣ мехоҳад, намедонам. Ҳамсолонам соҳиби оилаву фарзанданд, вале ман қадам ба 29 гузошта бошам ҳам, то ҳол ба оиладоршавӣ зӯрам намерасад. Фикри оиладоршавиро карда базӯр чор сум ҷамъ мекунам, ки модарам «Пули калонро бинӣ бероҳаву кӯчагард мешавӣ»,- гуфта бо ҷангу ҷанҷол пулҳоямро кашиди мегирад. Ба хотири хуни дил хӯрда моро ба воя расониданаш чизе намегӯям, вале ҷонам ба лаб расида косаи сабрам лабрез гаштааст.
Мехоҳам сарамро гирифта баромада равам, вале қувваи ноаёне маро боз медорад. Агар онҳоро партофта равам, додаронам маҷбур мешаванд аз бепулӣ донишгоҳро партофта ба кор дароянд. Ба ман маслиҳати хонандагони «Оила» зарур аст. Дили модарамро бо кадом роҳҳо ёбам, ки сарамро ҷуфт кунад?
Толиб, аз Қалъаи Ҳисор