Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Хазинаи глобалӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар мулоқот инчунин муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори зерсохтори вазорат ширкат намудаанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни вохӯрӣ аз ҳамкориҳои дуҷонибаи вазорат бо ин ташкилоти бонуфуз изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ин замина барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат ба роҳбарияти Хазинаи глобалӣ миннатдорӣ баён кардааст.
Қайд гардидааст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои сил, ВНМО ва вараҷа дар маҷмуъ вазъи эпидемиологӣ, инфрасохтори асосӣ, заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии шабакаи муассисаҳои тандурустии кишвар беҳтар шудааст.
Дар идомаи вохурӣ ҳамзамон ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо, доир ба лоиҳаи “Қатъи эпидемияҳои ВНМО ва сил тавассути мудохилаҳои ба далелҳо асосёфта ва равишҳои инноватсионӣ, бо таваҷҷуҳ ба аҳолии калидӣ ва осебпазир” ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар ин самт иброз доштаанд.