arzon replenishment
АЗ САРИ ШАБНАМ ДОЛЛАР РЕХТАНД
11795


Шабнами Сурайё, сарояндаи саршиноси тоҷик тақрибан 20 рӯз мешавад, ки дар шаҳри Ню-Йорки Амрико қарор дорад.

Шабнами Сурайё дар саҳифаи Инстаграмаш аз рӯзҳои аввали сафараш аксу видеоҳоро бо духтараш Шарифамоҳ ва дӯсту ҳамкасбаш Ҷонибек Муродов гузоштааст, ки ҳангоми сайру гашт дар кучаҳои ин шаҳри бузург бардошта шудаанд.
Яке аз ин наворҳои видеоӣ шабона сабт шуда, дар он Шабнам ва Ҷонибек шабона дар лаби баҳр сӯҳбаткунон сайру гашт доранд. Дар навори дигар Шабнам дар кадом як шабнишинӣ дар ҳавои як таронаи бисёр марғуб мерақсад ва аҳли нишаст ба сараш қабза-қабза доллар мепошанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи гузашта, модари Шабанам-примадонна Сурайё Қосимоваро ба гирифтани моҳона айбдор карда буданд. Агентии зидди фасоди Тоҷикистон гуфт, Сурайё Қосимова дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ намекунад, аммо аз идораи фарҳанг моҳона мегирад, вале Аловуддин Абдуллоев, сардори Раёсати фарҳанги Вилояти Хатлон ба ҷонибдории ин ҳунарманди машҳур бархоста, навиштааст, ки Сурайё Қосимова дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии минтақа, шаҳр ва вилоят ҳозир аст.

“Хоҳ рӯзи модар бошад, хоҳ ҷашни Истиқлолият, хоҳ Наврӯз Сурайё Қосимова албатта он ҷо ҳозир аст ва аз сидқи дил хизмат мекунад”-мегӯяд Аловиддин Абдуллоев.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД