sebiston july new
Аз норасоии витаминҳо азият мекашед? Шарбату пюреҳои муфидро интихоб намоед!
30.11.2020
Сухроб
1166

Ҳангоми интихоби шарбату афшураҳо, шириниҳо ва пюреҳои мевагин чиро бояд ба назар гирифт: нарх ё истеҳсолкунанда ва онҳо бояд дорои кадом иловаҳои ғизоӣ бошанд?

Норасоии витаминҳо бештар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон эҳсос мегардад. Дар ин айёми сол мо бештар ба меваву сабзиҷот майл мекунем. Бо назардошти ин, калонсолони хонадон: волидон, бибиву бобоҳоямон тамоми фасли тобистон меваи хушк ва мураббо захира мекунанд ва баъдан захираҳои болаззат ва фоиданоки худро бо мо тақсим мекунанд.Аммо, аксари сокинони шаҳр  вақт надоранд, ки ягон хел мураббо ва компотҳо захира кунанд, то ки дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз хӯрданаш лаззат бардоранд, аз ин рӯ, вақти пурқимати худро барои пайдо намудани витаминҳои лазиз дар рафҳои хӯрокворӣ сарф мекунанд.Албатта, имрӯз маҳсулоти воридотӣ аз қабили афшураҳо, шарбатҳои сабзавотӣ ва мевагин, нӯшокиҳои шарбатӣ ва смуззиҳо зиёданд. Ва боз саволҳои зиёде низ вуҷуд доранд - чӣ гуна бояд интихоби дуруст кард? 

 

Бисёр саволҳо ва омилҳое вуҷуд доранд, ки ҳангоми интихоби маҳсулоте, ки бояд болаззат, фоиданок ва бо нархи дастрас бошанд, инсонро гирифтори  тарсу ҳарос ва дудилагӣ мекунанд.

 

Арзиш + сифат

Бале, интихоб бисёр аст, аммо агар шумо ба сифати маҳсулот ва дастрасии нархҳо диққат диҳед, пас маҳсулоти ширкате ба хотир меояд, ки тӯли 20 сол тамоми хати маҳсулотро мувофиқи сифати ҷаҳонӣ ва бо нархи дастрас барои тамоми қишрҳои ҷомеа истеҳсол мекунад.Ширкати “Оби Зулол” тамоми намудҳои маҳсулоти афшураро дар якчанд бастаҳо - зарфҳои шишагӣ, тетра пак ва дар паучҳои мулоим пешниҳод менамояд.Маҳз ҳамин бастаҳо ба истеъмолкунандагон имкон медиҳанд, ки онро барои ҳама ҳолатҳо, тӯй, зодрӯз ё зиёфати оилавӣ истифода баранд - витаминҳои болаззат дар дастурхони шумо хоҳанд буд.Ширкати “Оби Зулол” на танҳо ба манфиатҳо, балки ба нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим барои тамоми қишрҳои ҷомеа диққати ҷиддӣ медиҳад ва муддати чанд сол аст, ки маҳсулоти ғизои сабзавотӣ ва мевагии кӯдакон, афшураҳо ва смузиҳо барои кӯдакон ва калонсолон бо нархи дастрас истеҳсол менамояд. Арзиши тамоми маҳсулоти “Оби Зулол” нисбат ба маҳсулоти шабеҳи воридотие, ки дар рафҳои мағозаҳои хӯроквории кишвари мо ба муштариён пешниҳод карда мешаванд, хеле пасттар аст, ки ин мароми “Оби Зулол”буда, мақсадаш фурӯхтани маҳсулот бо нархи арзон ва мувофиқи имкониятҳои аҳолӣ мебошад.Агар дар бораи сифати маҳсулот сухан ронем, пас тамоми хатҳои шарбати ширкати “Оби Зулол” таҳти бренди Нури Зулол ба стандартҳои ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ мебошанд.Маҳсулот таҳти бренди "Нури Зулол" аз меваҳои табиии ватанамон таҳия карда мешавад, ки аз рӯи хатҳои муосиртарини итолиёвӣ пюреи табиӣ коркард карда мешавад.Инчунин буттамеваҳои Беларуссия, бе ягон иловаҳои гуногун (хушбӯй, эмульгаторҳо, рангҳо, консервантҳо) пешкаш мегардад.Себ, зардолу, шафтолу, олу, анор, гелос, помидор ва бисёр лаззатҳои дигар, ки тамоми 12 моҳ шуморо дар ҳолати хуб нигоҳ медоранд ва саломатии шуморо ҳифз мекунанд.Бо истеъмоли афшураҳо, пюреҳои мевагӣ ва шириниҳои Нури Зулол шумо норасоии витаминҳоро фаромӯш мекунед, зеро ҳар як баста ба амбори витаминҳо монанд аст.Шумо метавонед тамоми маҳсулоти “Оби Зулол”-ро дар нуқтаҳои савдо, рафҳои мағозаҳо таҳти шиори «Маҳсулоти миллӣ бо сифати ҷаҳонӣ ва нархи дастрас» пайдо кунед ё метавонед ба воситаи shop.obizulol.tj барои расонидани дархости ройгони онлайнӣ фармоиш диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД