formula55
Аз наздик шинос гардиданд. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
03.05.2024
PROMO
658

Дар остонаи Рӯзи алоқа ширкати «МегаФон Тоҷикистон» як силсила вохӯриҳоро бо муштариён оғоз кард. Мизоҷони фаъол аз тамоми минтақаҳои кишвар метавонанд бо роҳбарияти ширкат суҳбат карда, ҳама гуна саволҳоро дар бораи алоқа бидиҳанд. Нахустин муколамаи озод дар сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Роҳбарони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шарҳ доданд, ки шабакаи мобилӣ чӣ тавр кор мекунад, хадамоти мизоҷон чӣ гуна сохтор дорад ва чаро гирифтани баҳо аз муштариён барои мушовирони оператор муҳим аст.    

Ҳамарӯза ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аз тариқи шабакаҳои гуногун беш аз 6000 муроҷиат ворид мешавад. 80 фоизи онҳо дар хатти якум, яъне фавран ҳал карда мешаванд. Аксар вақт инҳо саволҳои стандартӣ дар бораи тавозун ва трафики боқимонда, дархост барои ивази тарофа ё бакордарории замимаи мобилӣ мебошанд. Чатботи Доно низ дар ҷавоб ба онҳо кӯмак мекунад. Ва агар масъала мушкилтар бошад, он ба мутахассисони ихтисосашон маҳдуд, аз ҷумла ба муҳандисони  шуъбаи идораи фаврӣ-техникӣ таҳвил дода мешавад. Меҳмонони ширкат ҳамчунин дар бораи фаъолияти шабакаи мобилӣ, амалҳои баъди чидани рақам анҷомёбанда, мавзеъ ва роҳҳои бунёди пойгоҳҳои нави базавӣ ва намудҳои хизматрасониҳои рақамии аз ҷониби МегаФон Тоҷикистон барои сокинони кишвар таҳияшаванда маълумоти муфассал пайдо намуданд.  

Қисмати асосии вохӯрӣ мубодилаи таассурот маҳсуб буд. Муштариён иқрор шуданд, ки қаблан онҳо ҳатто тасаввуроте надоштанд, ки кори ширкати телекоммуникатсионӣ то чӣ андоза мураккаб аст.    

«Акнун ман фаҳмидам, ки чаро ҷавоб баъзан дарҳол намеояд. Ҳазорҳо дархост дар як рӯз – ин зиёд аст. Хуб аст, ки маро ба мулоқот даъват карда, ҳама чизро муфассал шарҳ додед. Шуморо бо Рӯзи алоқа табрик гуфта, орзумандам, ки байни ширкат ва муштариён ҳамеша якдигарфаҳмӣ бошад!”,- мегӯяд муштарии “МегаФон Тоҷикистон” Саид Саидов.          

«Ман аз чунин сатҳи баланди пазироӣ дар ҳайрат мондам, моро директори молиявии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва директори раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва НТМ пешвоз гирифтанд. Онҳо хеле ҷолиб сухан карданд, ҳатто дар бораи интернет барои хона, ки зимнан ман дар фикри пайвасткунии он ҳастам, маълумот доданд”,- иброз дошт Фаррух Хатамов.  

«Ман зуд-зуд ба ширкат дар бораи алоқа муроҷиат мекардам. Вале имрӯз ба ман фаҳмонданд, ки мутахассисони алоқа барои пешниҳоди хизматрасониҳои босифат кадом корҳоро ба иҷро мерасонанд. Маълум шуд, ки мо, муштариён, бисёр чизҳоро намефаҳмем. Бинобар ин чунин вохӯриҳо муҳимияти хос доранд. Умедворам, ки онҳо бештар баргузор мешаванд”,- қайд кард муштарии ширкат Алишер Назаров.    

«Мулоқот бо директорони ширкат барои муштариён муфид аст. Ман саволҳои зиёде додам ва дарҳол ҷавоби онҳоро пайдо кардам. Танҳо таассуроти хуб пайдо кардам ва боз рақами тиллоиро низ туҳфа гирифтам!»,- табассум кард сокини шаҳри Душанбе Мадина Негматова.    

«Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки муштарии ширкат ҳастам, аммо дар чунин вохӯрӣ бори аввал иштирок дорам. Бо мушкилоти худ муроҷиат мекардам ва акнун фаҳмидам, ки чӣ қадар мутахассисони гуногун барои пешниҳоди фаврии ҷавоб ба муштариён ва беҳтаршавии алоқа фаъолият мекунанд. Мутахассиси алоқа будан - кори осон нест. Маълумот дар бораи рушди финтех ва хизматрасониҳои рақамӣ ба ман хеле писанд омад. Ташаккур ба ширкат барои имкониятҳои нав!”,- мегӯяд Камилла Ушратова.  

Вохӯриҳо бо муштариён тамоми сол давом мекунанд. Дар навбат ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қарор доранд.              

«Суҳбатҳои озоду мустақим барои дарки муштариён ва фаҳмидани он, ки эшон оператори худро чӣ гуна дидан мехоҳанд, кумак мекунанд. Мизоҷон хубтар мефаҳманд, ки мо чӣ гуна кор мекунем, маҳз кадом амалҳоро баҳри беҳтаршавии сатҳу сифати алоқа анҷом медиҳем. Ҳар вақте, ки корманди ширкат ягон масъаларо ҳал мекунад, муштарӣ метавонад ба ӯ аз як то даҳ хол гузорад. Лекин, ин баҳои на танҳо як мушовир, балки тамоми ҳайати мост. Мо   кӯшиш дорем, ки онро пайваста ба «даҳ»-и дилхоҳ наздик кунем!»,- дар ҷамъбасти вохӯрии аввалин иброз дошт директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва НТМ - Далер Наимов.

Познакомились ближе: абоненты из Душанбе побывали в гостях у своего оператора

Накануне Дня связи МегаФон Таджикистан начал серию встреч с абонентами. Активные клиенты из всех регионов страны смогут пообщаться с топ-менеджерами компании и задать любые вопросы о связи. Первый открытый диалог на высшем уровне состоялся в Душанбе. Руководители компании «МегаФон Таджикистан» рассказали, как работает мобильная сеть, как устроен клиентский сервис и почему консультантам оператора так важно получать оценки абонентов.

Каждый день по разным каналам МегаФон Таджикистан принимает более 6 000 обращений. 80% из них решаются на первой линии, то есть сразу. Часто это типовые вопросы о балансе и остатках трафика, просьбы помочь со сменой тарифа или установкой мобильного приложения. Отвечать на них помогает и чат-бот Доно. А если вопрос намного сложнее, он передаётся узким специалистам, в том числе инженерам отдела оперативно-технического управления. Гости компании также узнали, как работает мобильная сеть и что происходит, когда они набирают номер, где и как строят новые базовые станции, какие цифровые услуги разрабатывает МегаФон Таджикистан для жителей страны.

Главной частью встречи стал обмен впечатлениями. Абоненты признались, что раньше даже не представляли, насколько сложна работа телеком-компании.

«Теперь понимаю, почему ответ иногда приходит не в ту же секунду. Тысячи запросов в день – это очень много. Приятно, что позвали в гости и всё подробно объяснили. Поздравляю с Днём связи и желаю, чтобы компания и абоненты всегда понимали друг друга!» – делится абонент компании «МегаФон Таджикистан» Саид Саидов.

«Был удивлён высоким уровнем: нас встретили финансовый директор компании «МегаФон Таджикистан» и директор регионального управления по городу Душанбе и РРП. Всё интересно рассказали, даже про интернет для дома, который, кстати, теперь думаю подключить», – говорит Фаррух Хатамов.

«Я часто обращался в компанию по поводу связи. А сегодня мне объяснили, что делают связисты, чтобы у нас были качественные услуги. Оказалось, мы, абоненты, многого просто не понимаем. Поэтому такие встречи важны. Надеюсь, они будут проходить чаще», – высказал пожелание абонент компании Алишер Назаров.

«Абонентам полезно встречаться с директорами компании. Смогла задать много вопросов, и мне сразу предложили решения. Впечатления остались только хорошие, еще и золотой номер получила в подарок!» – улыбается жительница Душанбе Мадина Негматова.

«Я абонент компании более десяти лет, но на такой встрече впервые. Бывало, обращалась с проблемами, и только теперь узнала, сколько разных специалистов работает, чтобы абоненты быстрее получили ответ, а связь стала лучше. Быть связистом – непростой труд. Очень понравился рассказ про развитие финтеха, цифровые услуги. Спасибо компании за новые возможности!» – говорит Камилла Ушратова.

Встречи с абонентами будут продолжаться в течение всего года. На очереди – ГБАО, Согд, Хатлонская область, Районы республиканского подчинения.

«Живой открытый диалог помогает понять абонентов, узнать, каким они хотят видеть своего оператора. А клиенты лучше понимают, как мы работаем, что именно предпринимаем, чтобы у них были связь и сервис лучшего качества. Каждый раз после того, как сотрудник компании решает вопрос, абонент может поставить ему от одного до десяти баллов. Но это оценка не одному консультанту – всей нашей команде. И мы делаем всё, чтобы она была ближе к заветной «десятке»»! – подвёл итог первой встречи директор регионального управления компании «МегаФон Таджикистан» по г. Душанбе и РРП Далер Наимов.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД