arzon replenishment
Аз Наврӯз то Наврӯз киҳо ҳоҷӣ шуданд?
727

Наврӯз барои мардумони кишварҳои Шарқ оғози соли нав ба шумор меравад. Мехоҳед донед, ки дар бадали як сол, яъне аз Наврӯз то Наврӯз кадом чеҳраҳои шинохта ба зиёрати Хонаи Худо-Каъба мушарраф гашта, ҳоҷӣ шуданд? Пас муттаваҷеҳ бошед!

Азиз ва Раҳима имсол Наврӯзро дар ҳаҷ мегузаронанд?
Азиз ва Раҳима зану шавҳар ва блогерҳои машҳури шабакаи “Инстаграм” буда, ҳамарӯза дар бораи ҳаёти хушбахтонаи худ ҳамроҳи духтарчаашон ба мардум роликҳои ҷолибу тамошобобро пешниҳод месозанд. Чанд рӯз пеш онҳо дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ хабар доданд, ки баробари фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба Ҳаҷ рафтаанд.
Дар навор дида мешавад, ки дар фурудгоҳ қарор доранд, баъдан дар назди хонаи Худо ҳастанд. Дар зери навор чунин навишта шудааст: “Алҳамдулиллоҳ, орзуи муҳимтарини мо дар зиндагӣ ҷомаи амал пӯшид“.

Абдурозиқ ҳоҷӣ шуд
Абдурозиқ Эгамов, блогер ва овозхони маъруфи тоҷик, ки дар Дубаю Ҳиндустон зиндагӣ мекунад, имсол дар бораи сафари худ ба хонаи Худо хабар дод. Ин овозхони тоҷик дар Инстаграмаш нишон дод, ки дар фурудгоҳи Ҷидда асту ба Ҳаҷҷи умра рафтааст.
Ёдовар мешавем, ки ин сарояндаи хурдҷусса ба Испания ва дигар кишварҳои Аврупо рафта, ба ситораи ҷаҳонӣ табдил ёфтаааст ва тарафдорони зиёде дорад. Ӯ имрӯз бо ситораҳои маъруфи Болливуд дар филму шоу-барномаҳо нақш меофарад.

Эркин Одинаев ҳам ҳоҷӣ шуд, ҳам бобо
Имсол барои сарояндаи маъруф ва маҳбуби тоҷик Эркин Одинаев соли хотирмон буд. Эркин ба зиёрати хонаи Худо рафт, 3-юми октябри соли 2023 бошад, бобо шуд. Овозхон дар ин бора дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода, чунин навиштааст:
“Худоро шукр боз соҳиби наберача шудем. Муборак бошад, бобои Эркин!”

Аз “Терретория юмора” то тавофи Каъба
Фаррух Сангинов ҳамчун аъзои фаъоли гурӯҳи “Территория юмора” ва блогери шинохта дар сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф буд, вале ду соли охир лоиҳаи мазкур фаъолияти худро қатъ намуда, Фаррух дар инстаграм саҳифаи худро кушодааст ва ҳамарӯза роликҳои ҳаҷвӣ пешниҳод месозад. Ин ҳаҷвнигори бомаҳорат аввали соли 2024 ба зиёрати хонаи Худо рафта, сазовори номи “Ҳоҷӣ “ гашт.

Ба ҳаҷ рафту писардор шуд
Тавофи Каъба яке аз рукнҳои асосии дини ислом буда, ҳамаи мусалмонон орзу доранд, ки "Хонаи Худо"-ро зиёрат кунанд. Бо ин орзуву мақсад соли гузашта барбери машҳури тоҷик Абдулло Шарипов роҳи Ҳаҷро пеш гирифту сазово ри номи “Ҳоҷӣ шуд. Ҳамзамон Абдулло ва ҳамсараш блогери машҳур Сабринаи Назрӣ рӯзи 5-уми декабр дар рӯзи зодрӯзи Абдулло соҳиби писарчаи паҳлавоне шуданд. Сабрина ва Абдулло чеҳраҳои шинохтаи инстаграм мебошанд ва онҳо қаблан соҳиби як духтарача бо номи Карашма буданд.

Каъбаро зиёрат карду соҳиби Ҷаннат гашт
Сафар бар "Хонаи Худо" орзуи хар як мусалмон аст. Блогер ва модели машҳури тоҷик Рухшона Каримова, ки бо лақаби Софӣ (soffi_1111) машҳур аст, рӯзи 12-май бо ҳамроҳии бародараш аз Русия ба зиёрати "Хонаи Худо"сафар карда, дар ин бора дар саҳифаи Инстаграмаш хабар дода буд. Ҳамзамон Рухшона дар ин сол бори сеюм сазовори номи модар гашта соҳиби як духтарчаи зебо бо номи Ҷаннат гашт.
Рухшона ҳамакнун соҳиби се фарзанд: ду писар- Муҳаммадалӣ ва Умайр, як духтар- Ҷаннат аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД