Sebiston new 2024 october
АЗ МУҲОФИЗӢ ТО СИТОРАИ ҶАҲОНӢ ШУДАНИ БЕРКАЙ
1868

 

Беркай Атеш, ҳунарманди 33-солаи синамои турк дар як пахши мустақими Инстаграмаш иқрор шудааст, ки замоне муҳофизи овозхони машҳури турк Таркан (Таркан Теветоғлу) буд.

Хабаргузории “Кинотека” бо такя ба пахши мустақими ҳунарманд менависад, ки Беркай Атеш замони 19-сола буданаш давоми чор рӯз Тарканро посбонӣ кардааст. “Он вақт ман 19-сола будам. Хоҳари ман дар ин соҳа кор мекунад. Рӯзе пешниҳод кард, ки ба сифати муҳофизи Таркан кор ҳаст ва оё ман аз ӯҳдааш баромада метавонам? Розӣ шудам ва рақамҳои телефони ширкати амниятиро гирифтам. Ба онҳо занг зада худро муаррифӣ кардам ва супориш доданд, ки ба кор бо шими сиёҳ ва куртаи сафед ҳозир шавам. Ба театри фазояш кушоди ба номи Ҷамил Топузлу рафтам. Тарканро бояд давоми чор рӯз пайиҳам муҳофизат мекардем.

Ба назди посбонон рафта бори дигар худро муаррифӣ кардам. Онҳо дар муқоиса бо ман хеле калонҷусса ва боқувват ба назар мерасиданд. Аввал маро дар паси парда гузоштанд, то ба нафарони бегона иҷозаи даромадан надиҳам. Баъдан ба назди панҷараи театр, ки дар масофаи дуртар воқеъ буд, интиқол доданд. Он ҷо низ вазифаи ман ба қафо гардонидани одамҳои бегона буд. Ман аз Таркан ду километр дур будам. На ӯ маро ва на ман ӯро дида натавонистем. Вале барои ин чор рӯз сипосгузорам”,-бо лабханд қисса кардааст, Беркай Атеш дар пахши мустақимаш.

Беркай Атеш зодаи шаҳри Истанбули Туркия буда, шурӯъ аз соли 2007 то имрӯз дар 7 филми истеҳсоли синамогарони турк нақш бозидааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии санъати ба номи Мимар Синони зодгоҳаш мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД