Formula novemver 2024
Аз масъулиятшиносӣ то одамияти баланд
13.05.2024
PROMO
204

 

Бардошти журналист аз фаъолияти IRS

Замоне ки филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) дар Тоҷикистон дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро ба уҳда гирифт, буданд нафароне, ки изҳори норозигӣ мекарданд. Зеро барои гузариши автомобилҳо вобаста ба категорияашон маблағ ситонида мешуд ва мардум гумон мекарданд, ки он ба болоравии роҳкиро сабаб мегардад. Албатта, ин як раванди табиӣ буд, зеро он вақт ҳанӯз моҳияти пулакӣ шудани роҳро мардум хуб дарк накарда буданд. Хушбахтона, бо гузашти вақт сафи норозиён на танҳо коста гардид, балки қариб аз байн рафт.

Муҳимтар аз ҳама, пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд.

15 сол инҷониб роҳи мазкур баъд аз таҷдид мавриди истифода аст ва мусаллам аст, ки дар ин муддат он таъмирталаб шудааст. Аз ин рӯ, агар ширкат фаслҳои зимистону баҳор ба тоза кардани роҳ аз тармаву селовардаҳо машғул шавад, пас фасли гармо таъмири он масъалаи меҳварист. Имрӯзҳо агар аз ин роҳ гузар намоед, дар ҳар қитъа кормандони ширкатро машғули таъмиру тармим мебинед.

Дар баробари нигаҳдории роҳ Ширкат ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии худро дорад. Корхонаҳои қуму сангреза ва истеҳсоли асфалт бо сармоягузории Ширкат таъсис ёфтаву алъон фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 218 ададро ташкил медиҳад, роҳсозии замонавии Ширкат имкон фароҳам оварданд, ки мушкилоти дар роҳ бавуҷудомада дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳ дар муқоиса ба солҳои пеш шоистаи таҳсин аст.

Худ қазоват кунед, ки барои нигаҳдории 86,996 километр роҳ (манзур намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон аст) 41 техникаву механизми роҳсозӣ сафарбар шудааст. Аммо дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ ҳамагӣ чанд техника мавҷуд аст, ки дар давоми сол шояд ҳамагӣ се-чор маротиба истифода мешаванду халос ва боқимондаи рӯзҳо, бинобар набудани сӯзишворӣ, дар канори роҳ «хоб» мекунанд.

Аз ин ҷост, ки роҳҳои дар тавозуни муассисаи мазкур буда хароб буда, умуман ба талабот ҷавобгӯ нест. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти филиали Ширкати IRS дар Тоҷикистон қаноатманданд, зеро бо чунин фаъолияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Айнӣ шояд шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид…

Илова бар ин, аз ҷониби IRS ба ронандагону мусофирони дар роҳ дармонда озуқа тақсим карда мешавад. Кормандони ин ширкат ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нестанд. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд. Нависандаи ин сатрҳо ба чунин ҳолат мувоҷеҳ шуда буд. Соле пеш, дар километри 69 ба садама дучор шуда, бидуни техникаи махсус интиқоли автомобил ғайриимкон буд. Ҳангоме ки бо ин мушкилот ба намояндагони филиали Ширкати IRS Тоҷикистон муроҷиат намудам, кормандони он бо дарки масъулият ва муносибати самимона автомобили маро то шаҳри Душанбе оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони ширкати зикршуда садҳо маротиба иҷро мекунанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, журналист

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД