Sebiston new 2024 october
АЗ ДАРОЗШАВИИ ҚАД ВА СОХТМОНИ МЕҲМОНХОНААШ ГУФТ
3971

 

Абдурозиқ Эгамов, овозхони 16-солаи тоҷик мегӯяд, табибон ба ӯ ваъда додаанд, ки дар ояндаи наздик бо истифода аз доруҳои муосир қадашро баланд хоҳанд кард.

Овозхони наврас ин нуқтаро дар барномаи “Имшаб” зикр кардааст.

“Табибон гуфта буданд, ки мо туро сиҳат мекунем, қадат баланд мешавад. Бори дигар бояд аз ташхис гузарам. Ҳамин, ки доруҳоям намедонам аз ким кадом кишвари хориҷа биояд, табобат сар мешавад. Худо хоста бошад, ба ин орзуям мерасам”,-мегӯяд Абдурозиқ, ки орзуи асосии ӯ қадбаланд шудан аст.

Чуноне қаблан хабар дода будем, овозхон ният дорад, ки дар зодгоҳаш деҳаи Ғиждарваи шаҳри Панҷакент барои сайёҳону меҳмонон меҳмонхона бисозад.

“Идеяи сохтани меҳмонхона аз падарам буд. Бо хости Худо шифо, ки шифо ёфтам, аз пайи сохтани меҳмонхона мешавам ва онро “Абдурозиқ” ном мегузорам”,-мегӯяд овозхон дар мавриди бунёди меҳмонхонааш.



Ба гуфтаи худи ӯ, танҳо аз шабакаи Инстаграм дар як моҳ 17-18 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби реклама маблағ ба даст меорад. Аз шабакаи Ютуб низ даромади хуб мегирад. Қисме аз ин маблағҳоро барои ҳунараш масраф мекунад ва боқимондаашро ба падару модараш мефиристад. Абдурозиқ моҳи сентябр 17-сола мешавад ва ҳоло 95 см қад ва 15,5 кг вазн дорад. Пас аз хатми синфи 11 ба Донишкадаи санъат дохил шудан мехоҳад. Агар қадаш баланд шавад, оиладор ҳам мешавад.


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД