Аз 1-уми ноябр хонандагони Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
21.10.2025
Oila.tj
455

Аз 1 то 7-уми ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, чоряки якум дар мактабҳои кишвар рӯзи 31-уми октябр ба поён мерасад. Гуфта мешавад, ки дар давоми таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ барои хониши беруназсинфӣ истифода баранд.

Вазорат аз падару модарон даъват намудааст, ки дар давраи таътил ба фаъолияти фарзандонашон назорати ҷиддӣ бурда, вобастагии аз ҳад зиёд ба телефон ва оворагардӣ дар кӯча ё марказҳои интернетиро пешгирӣ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД