Ҷавонони болаёқати тоҷик имкон доранд дар Туркия ва Корея, ки аз лиҳози санъати театр ва синамо хеле пешрафтаанд, нозукиҳои ҳунари актёриро омӯзанд.
Ин нуктаро имрӯз Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нашаста хабарӣ баён намуд.
“Вазорати фарҳанг муассиси се муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад ва кадрҳои мо асосан дар ҳамин муассисаҳо тарбият меёбанд. Дар баробари ин, мо барои тарбияи мутахассисон дар хориҷи кишвар ҳавасанд ҳастем. Дар ин масъала бо Русия, Туркия ва Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамкориро ба роҳ мондаем ва алакай бачаҳои мо дар он ҷо таҳсил мекунанд. Чанде қабл Сафорати Корея дар Тоҷикистон низ пешниҳод карданд, ки омодаанд дар тайёр кардани ҳунармандон ва дигар кадрҳои соҳаи фарҳанг ба мо ёрӣ расонанд. Соли равон “Россотрудничество” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 бурсия-квота ҷудо кардааст ва 30 нафар ҷавонони болаёқати тоҷик имкон доранд дар Русия дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг таҳсил карда, ҳунару малакаи худро такмил диҳанд”,- гуфт вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён.