arzon replenishment
ҶАВОНИ МУҶАРРАД БО ЗАНИ ШАВҲАРДИДА ХУШБАХТ МЕШАВАД?
11331

 Салом, редаксияи азиз!  Ин номаро зане менависад, ки ташнаи ишқ, ташнаи меҳру муҳаббат аст. Вуҷуди нозуки ман мисли ғунчаи гул ниёз ба борони роҳатбахши ишқи марде дорад, ки мислаш дар дунё надидам. Аз ҳамин сабаб, қалам ба даст гирифтам, то дарду доғи дили фигорамро ба шумо гуфта, қалбамро аз ғам сабук созам.

Бо сабаби рашку ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ баъди як соли хонадорӣ аз шавҳари золимам ҷудо шудам. Хуб кардам, ки ҷудо шудам, зеро ҳамеша маро фоҳиша номида, таҳқир мекарду ба иззати нафсам мерасид. Баъди бева шуда, ба хонаи падар рафтан, нисбатам гапу калочаҳо зиёд шуд. Ҳамсояҳо ошкоро ба рӯям мегуфтанд, ки туро шавҳарат бо марди ҳамсоя қапидааст. Бе сабаб шавҳарат талоқи туро надодааст, ту гуноҳе кардаӣ. Ростӣ, асабам хеле хароб мешуд, чунки онҳо ҳақиқатро шунидан намехостанду маро гунаҳкор мешумориданд. Ба хулосае омадам, ки шавҳари нав карда, аз дарду ғам ва гапу калоча халос мешавам, аммо....

Рӯзе ҳангоми харидани либос дар бозор ба як фурӯшанди бозор ошиқ шудам. Аниқтараш, ӯ ба ман гап партофта, хушгӯӣ намуд. Рақамҳои телефонамро дода, хоҳиш кардам, ки шабона дертар ба ман занг занад. Соати 12-и шаб ба телефонам занг омад. Ин ҳамон фурӯшандаи бозор буд, ки худро ҳамчун Осоиш муаррифӣ намуд.

Мо то саҳар гап зада, маслиҳат кардем, ки дар маркази ноҳия бо ҳам вомехӯрем. Осоиш бачаи хона бошад ҳам, ду пойро ба як мӯза андохта, “туро ба занӣ мегирам”, мегуфт. Баъди як ҳафта модараш ба хостгорӣ омад. Вақте фаҳмиданд, ки ман як маротиба оиладор шуда, аз шавҳарам ҷудо шудаам, зуд ба дастархон омин карда, “духтаратонро гӯед, ки писари моро гаранг накунад”гӯён, баромада рафтанд. Осоиш чанд рӯз асабонӣ буд ва мудом мегуфт, ки туро медуздам ва ба дигаре намедиҳам. Ин навбат худаш ба назди падарам омад. Падарам ӯро насиҳат кард, ки саросема нашавад, вале як гапро такрор ба такрор мегуфт, ки Насибаро ба занӣ мегирам. Ман намедонистам, ки чӣ кор кунам. Ошиқам ҳам зебо буду ҳам маро аз ҷонаш зиёд дӯст дошта буд, вале хонаводаашон тамоман ба издивоҷи мо розӣ нашуданд, ки нашуданд. Инак, се сол мешавад, ки мо ба муроди ҳам намерасем.

Хонандагони азиз! Барои аз дӯстдоштаам ҷудо нашудану модарашро розӣ кардан, чӣ корҳое, ки накардам, вале модари ӯро розӣ карда натавонистам. Чӣ кор кунам?
Насиба

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД