Ҳомидҷон Умаров сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд буда, ҳамагӣ 32-сол дорад ва хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Вай маъюби гуруҳӣ дуюм аст, аммо аз ин дилшикаста нест...
Ҳомидҷон соли 2012 донишгоҳро хатм кард ва ду сол дар ММТУ № 1 ҷамоати Ёва аз фанҳои забон ва адабиёт дарс гуфт. Аз 2013 ин ҷавони хушзавқу зиндадил роҳбари “Маҳфили мухбирони ҷавон” –и муассисаи таҳсилоти иловагии № -4 ноҳияи Б. Ғафуров мебошад.
“Маҳфили мухбирони ҷавон”-ягона мактаби рӯзномагирони ҷавони вилояти Суғд аст. Аъзоёни маҳфил аз хонандагони синфҳои 4-11 иборанд, ки дар ду баст сабақи рӯзноманигорӣ мегиранд.
Шогирдони Ҳомидҷон Умаров аз устодашон бисёр нзукиҳои касби рӯзноманигориро омӯхта, имрӯз дар матбуоти даврии вилоят ва телевизионҳои маҳаллӣ таҷрибаомӯзӣ ва кор мекунанд
Аввалин китобчаи Ҳомидҷон оид ба масоили журналистика соли 2021 нашр шуд, вале ин ҷавони навҷӯю навгӯй талош дорад, ки дар оянда бо истифода аз методҳои нави корӣ шогирдонро дар омода кардани маводи чандрасонаӣ тарбия намояд