Ғолибҷон Бобоназаров, ки дар синфи 11 таҳсил мекард, субҳи 2-юми майи соли ҷорӣ аз хона берун баромада бо ҳамин бедарак шудааст.
Пайвандонаш, ки дар маҳаллаи Чкалов, кӯчаи Ғалаба, бинои 7-и вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ҳангоми аз хона баромадан Ғолибчон дар тан либоси мактабӣ дошт ва саломатиаш хуб буда, ягон мушкилӣ надорад.
Аз нафароне, ки Ғолибҷонро дар ягон ҷо дидаанд ё дар борааш маълумоте доранд, хоҳиш карда мешавад, ки ба рақамҳои зерин занг зананд:
00-566-00-82 ва 92-60-69-771