sebiston july new
Ҳаво то охири ҳафта сард мемонад
197

Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ ҳаво сарду абрнок шуда, боридани барф ва фаромадани туман дар баъзе минтақаҳо дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Ба иттилоъи Агентии обу ҳавошиносии кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст ва дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 16-21 рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар Суғд ҳавои абрнок ва боридани борону барф пешгӯӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хатлон ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барфи бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад ва туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои сарди абрнок дар назар дошта шудааст. Эҳтимоли боридани барф ва фаромадани туман вуҷуд дорад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД