arzon replenishment
ҚАТАҒАН
5175

Парии чашмкабуд

Ларисаю Фарҳод вақте вохӯрданд, Фарҳод аллакай оиладор ва соҳиби се фарзанд буд. Фарҳод он замон 31 сол дошт, Лариса бошад, акнун ҳаждаҳро пур карда буд. Фарҳод бо ҳамкоронаш боми бинои истиқоматии панҷошёнаеро, ки Ларисаино дар ошёнаи якумаш зиндагӣ мекарданд, таъмир менамуд ва нисфирӯзӣ ташна шуда, занги дарашонро пахш кард. Духтараки зардинамӯй дарро боз намуда бо чашмони мисли чашми парии обӣ каб-кабуди зебояш саволомез ба вай нигарист. Фарҳод як коса оби хунук пурсид. Лаҳзае пас Лариса об овард. Вақти обнӯшии ҷавон духтарак чашмашро аз вай намеканд. Пӯсти сабзинаи ҷавон арақ карда дар шуълаи офтоб мисли хирмани зар медурахшид, чашмони сиёҳи калон-калонаш бошанд, ҷозибаи хосе доштанд. Дили Ларисаро ҳиссиёти аҷибе фаро гирифта, оташаке дар қалбаш фурӯзон гашт.

Оташи ишқ

Рӯзи дигар Лариса ба кӯча баромада, беқаророна ба охир расидани кори таъмиргаронро интизорӣ мекашид. Вақти тағйири либос намуда ба кӯча баромадан чашми Фарҳод ба ҳамон чеҳраи ошно афтид. Фариштаи кабудчашм лабони мисли ақиқ сурхашро гурбавор лесида, маънидорона ҷониби вай менигарист.

-Ба шумо ягон кӯмак лозим?-Пурсид ҷавонмард.

Лариса сарашро поён карда, бо садои базӯр шунаво пичиррос зад: “Ман шуморо дӯст медорам.

Рухсораҳои духтарак аз шарм лолагун гашта, боз ҳам зеботар шуд. Ба назари Фарҳод чунин намуд, ки ин духтар фарзанди одамизод не, балки фариштаест, ки аз осмони нур ба замин фаромадаст. Ҷавон ҳанӯз фурсати лаб ба сухан кушодан наёфта духтар дартоз худро ба хонаашон зад ва дарро аз дарун маҳкам кард.

Дилаш аз ҳаяҷон сахт-сахт метапид ва ҳанӯз бовараш намеомад, ки чи тавр ҷуръат карда ба ҷавоне, ки ҳатто номашро намедонад, изҳори муҳаббат намуд.

«Гурбача”-и беақлак

Ҳамин тавр онҳо риштаи муҳаббат бастанд. Ҳангоми мулоқотҳои ошиқонаашон Фарҳод борҳо таъкидкунон мегуфт:

-«Гурбача»-и беақлаки ман! Ту дар ҳақиқат зебоӣ, вале зиндагиат дар пеш аст. Ман аллакай зану фарзанд дорам ва онҳо бароям азизанд. Лариса, беҳуда ба ман умед набаста, сари вақт бахтатро дар симои ягон ҷавони ҳамсолат биҷӯй. Ман ҳамчун падар дар назди фарзандонам қарздорам ва наметавонам ба хотири ту шуда аз баҳри онҳо гузарам!

Лариса бо диққат гапи Фарҳодро шунавад ҳам, маънии суханони ҷавон ба гӯшаш намедаромад, аниқтараш дили ошиқаш намехост ин ҳақиқатро қабул намояд, ки онҳо ҷуфти муносиб нестанд.

«Мева» и сарбурида

Ишқ дар набарди номуси ном дастболо шуд ва оқибат Лариса аз Фарҳод ҳомиладор гашт. Волидонаш аз ишқбозии вай бо марди зану фарзанддор огоҳ шуда, боисрор талаб карданд, ки исқоти ҳамл кунад. Гаштаю баргашта таъкид менамуданд, ки ҳоло ҷавон аст, зиндагиаш дар пешу барои таваллуд кардан вақт мерасад. Лариса сухани волидонашро ба замин нагузошта, меваи ишқашро бо дасти худаш барвақт сар бурид. Дере нагузашта аҳли хонаводаи онҳо ба Русия кӯч бастанд.

Аз дил биравад, касе, ки аз дида бирафт

Аввалҳо Лариса Фарҳодро тез- тез ба ёд меовард ва шабҳоро бо гиря саҳар мекард, вале баъд ба тақдир тан дод. Пас аз ду сол вай ба ҷавоне ба шавҳар баромад. Шавҳарашро дӯст надорад ҳам, сенздаҳ сол осудаҳолона зиндагӣ намуд. Синну солаш аллакай аз сӣ гузашта буд ва бисёр мехост соҳиби фарзанд гашта, шаҳди модариро чашад, аммо ин орзуяш ҳеҷ амалӣ намешуд. Борҳо ба табибон муроҷиат намуда, доруву дармон гирифт, вале бефоида! Пас аз сиву ҳафтсолагӣ вай тамоман умедашро аз фарзанддоршавӣ канда, қарор дод, ки дигар дар ин бора фикр намекунад, вале…

Бозгашт ба Ватан

Бо тақозои вазифа Ларисаро ба Душанбе фиристоданд. Дар тайёра якбора дилашро изтироб фаро гирифт. Давраи мактабхониаш, дугонаҳояш Гулнораву Аниса, Фарзонаю Солиҳа, Шоираву Робиа ба ёдаш расиданд. «Аҷаб хислате доранд тоҷикон, ҳар таоме пазанд, аввал як табақча ба хонаи ҳамсоя медароранду баъд сари дастурхони худашон менишинанд» андеша менамуд Лариса дар тайёра ва дилаш ба ёди солҳои ҷавониаш гум мезад. Саргарми андешаҳои ширин чи тавр ба Ватан расиданашро нафаҳмида монд.

Дар ҷустуҷӯи олами кӯдакӣ

Сумкаҳояшро дар меҳмонхона гузошта вай ба тамошои шаҳр баромад. Сайругашт кунон дар кӯчаҳои шинос қадам мезаду симои зебои ишқи аввалинаш дар пеши назараш ҷилвагар мешуд. Саргарми хаёлоти ширин чи тавр ба маҳаллаи даврони бачагиаш расиданашро нафаҳмида монд. Майдончаи бозии кӯдакон, дарахтони атроф, ҳатто танӯрхонаи холаи Меҳринисо ҳам дар ҷояш буд. Кӯдакон шавқун кунон машғули бозию тамоми занҳои маҳалла дар таку дав буданд. «Холаҷон, шумо ба тӯй омадед? Биёед, ман шуморо ба он ҷо мебарам. Акаи Бахтиёр арӯс овард. Арӯсаш бисёр хушрӯй аст». Ларисаро меҳмон гумон карда, шодона хабар дод духтарчаи фатиламӯе, ки дар дасташ пуфакҳои ранга дошт. Лариса забони тоҷикиро хуб медонист ва дасти духтарчаро гирифта, ба тарафи тӯйхона равон шуд.

Дар назди дари даромадгоҳ холаи Меҳринисо меҳмонҳоро пазироӣ мекард. Лариса худашро ба оғӯши ӯ партофт ва кӯдаквор инони гиряро сард дод. Меҳринисо, модари дугонааш Гулнора, аввал ӯро нашинохта ҳайрон шуд, ки чаро ин ҷавонзани рус мегиряд. Писари калониаш дар Русия мардикор буд, бинобар ин, дар як дам аз сари занаки бечора сад фикру хаёли бад гузашта, базӯр садо баровард: –Духтарам! Ин рӯзи хурсандии ман аст. Ба хонаам келин овардам. Бояд ҳама хурсандӣ кунанд, вале ту гиря мекунӣ. Магар касе туро ранҷонд?

Лариса ҳамоно ҳиқ-ҳиқкунон ҷавоб дод:

–Холаҷон, ҳеч воқеа рӯй надодааст, ман шумоёнро бисёр ёд карда будам, барои ҳамин мегирям. Холаи Меҳринисо бодиққат ба ӯ нигариста нидо кард:

–Худоё! Лариса! Духтари Светаи мо! Очаи Шоира, ин ҷо биё, дугонаи духтарҳоямон омадааст…

Холаи Меҳринисо Ларисаро ба оғӯш гирифта гирист. Акнун меҳмону мизбон баробар ашк мерехтанд, ашки шодӣ. Ба хурсандии аҳли хонадон ва маҳалла боз як хурсандии дигар зам шуд. Он шаб то дергоҳ ба шарафи тӯйи арӯсии ҷавонону омадани Лариса хурсандӣ карданд. Духтари холаи Меҳринисо Гулнора дар ҳамсоягии Фарҳод мезистааст ва гӯё дар омади гап дар бораи фавтидани завҷаи Фарҳод хабар дода, шуълаи хомӯшгаштаи ишқро дубора дар қалби Лариса фурӯзон намуд. Лариса нишонии меҳмонхонаю рақами телефонашро дода, аз Гулнора хоҳиш намуд, ки албатта ба Фарҳод расонад.

Дидори ошно

Рӯзи дигар Фарҳод ба меҳмонхона омад ва Лариса инони ихтиёр аз даст дода, мисли даврони ҷавониаш боз худро ба оғӯши вай партофт. Он шаб то саҳар онҳо даврони ҷавониашонро ба ёд оварда, нарди ишқ бозиданд ва субҳ Лариса ба Русия парвоз кард.

Самари ишқ

Тақрибан ду моҳ пас аз бозгашт Лариса дар вуҷудаш дигаргунии ҷиддиро эҳсос намуд. Сараш чарх мезад, дилаш мешӯрид, тобу тоқати бӯйи равғанро надошт. Ба духтур муроҷиат намуд. Ташхис нишон дод, ки вай ҳомиладор аст. Лариса дурӯғ гуфтанро ба худ эб надида, ба гуноҳаш иқрор шуд. Шавҳараш бо шунидани ин хабар қариб девона шуда, дод зад:

–Пагоҳ ба назди духтур рафта, бачаи қатағанатро гирифта парто! Кӯдаки ҳаромиат ба ман лозим нест! Девона нестам, ки ба бачаи аз камари ким–кадом буққаи дигар шуда падарӣ кунам!

Лариса қотеъона ҷавоб дод:

-Ин қатаған ҳосили ҳамон як коса оби хунук ва муҳаббати аввалини ман аст. Ҳар чӣ мехоҳӣ кардан гир, барои ту шуда, нишонаи Фарҳодамро нобуд намекунам! Барои ман ин тифл аз ҳама молу сарвати дунё азизтар аст!

Шавҳараш худи ҳамон рӯз ҷавоби Ларисаро дод, вале ҷавонзан заррае аз ин ғамгин нашуд. Пас аз чанд моҳ намояндагии доимии корхонаашон дар Душанбе ташкил ёфт ва Ларисаро ба Тоҷикистон фиристоданд. Фарҳод аз ваю фарзандаш даст накашид. Онҳо расман зану шавҳар шуданд ва ҳоло писарчаашон дар яке аз мактабҳои шаҳр таҳсил мекунад. Фарзандони Фарҳод додарашонро дӯст медоранд ва иззату ҳурмати падару модарро ба ҷо меоранд.        

                                               Мирзо Наврӯз, ш. Душанбе, кӯчаи     Испечак-2

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД