Formula novemver 2024
АСРОРИ ЗИНДАГИИ ФУРҚАТИ САИД
2961

                         МАЪЛУМОТНОМА

     Ному насаб: Саидзода Фурқат Фатҳулло

               Соли таваллуд: 5 октябр 1967

          Ҷойи таваллуд: ноҳияи Шаҳринав

                              Пеша: овозхон

Сароянда ва оҳангсоз Фурқати Саид соли 1967 дар деҳаи Қади ҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна (1986) дар факултаи мусиқии тоҷикӣ (шуъбаи овозхонии анъанавӣ) – и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дода, онро соли 1992 хатм кардааст.

Фаъолияти ҳунариашро аз соли 1992 ба сифати овозхон дар ансамбли «Ҷаҳоноро» оғоз намуда, солҳои 2004 - 2005 ҳунарманди ансамбли «Дарё», 2005 - 2007 сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Телевизиони Тоҷикистон ва аз соли 2007 то кунун ба ҳайси роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радио кор мекунад.

Овозхон муаллифи чандин оҳангҳо буда, бештар сурудҳои классикӣ месарояд. Офаридаҳояшро худ ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ба риштаи савт мекашанду месароянд. «Дилхироҷи Содирхон», «Талқинчаи Амали Дугоҳ», «Тановар», «Мустазоди Рок», «Савти Чоргоҳ», «Талқинчаи Сабо», «Ушшоқи Самарқанд», «Дугоҳи Ҳусайнӣ», «Аёми ишқ», «Мутриби ишқ», «Гиря», «Гулшани ҳусн», «Шаби боронӣ», «Зиндагӣ», «Хоки Ватан», «Шукрона», «Душанбе», «Эй Ватан», «Фасли баҳор», «Ваҳдат», «Наврӯз шуд», «Падар», «Резаборон», «Модар» ва ғайра аз шумори маҳбубтарин таронаҳои ҳунармаенданд.

Зимни фъолияти корӣ сароянда ба кишварҳои Россия, Эрон, Озарбойҷон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Амрико сафари ҳунарӣ намудааст. Бо мукофоти «Лауреати Ҷавонони Тоҷикистон» (1997) ва медали «Хизмати шоиста» (2007) сарфароз гардидааст. Дорандаи унвони “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” (2013) мебошад.

Маҷмӯаи чанде аз оҳангҳояш бо номҳои “Мутриби ишқ” (2015) ва "Навои андалеб" (2020) ба табъ расидаст. Иштирокдори ҷашнвораи байналмилалии Шашмақом (Ню - Йорк, 2016) ва Фестивали байналмилалии Шашмақом (Конибодом, 2017) аст. Овозхонҳои чирадаст Барно Исҳоқова ва Боймуҳаммад Ниёзовро устоди худ меҳисобад.

 

- Дуруд ба Фурқати Саид! Хуш омадед ба ҳафтаномаи “Оила”! Нахуст пурсиданием, ки зиндагӣ чист ва чӣ маъно дорад?

- Зиндагӣ чист? Хуни дил хӯрдан,

Зери девори орзу мурдан.

Воқеан, хуни дил хӯрдан, бо орзу зистан, аз худ чизе ба ёдгор гузоштан ва хулас шод бояд зистан, ношод бояд зистан...

- Тавре аз шарҳи ҳолатон огоҳем, дар ҳаётатон чанд фоҷиаи бузург рух додааст: қатли хусуру хушдоман ва марги бародаратон. Воқеан, ҷойгоҳи шодравонҳо амаки Раҳматбой ва холаи Зебуннисо назди Шумо чӣ гуна буд?

- Хусуру хушдоман мисли волидайн назди ҳар нафар бояд қадру манзалат дошта бошад, зеро онҳо фарзанди хешро ба камол мерасонанд ва бо дуои неку орзуи зиёд ба хонадоне гусел мекунанд, то соҳиббахту сарафроз бошад. Дар навбати худ мардон ҳам рисолат доранд, ки бонуи хонадонро, ки аз оғӯши гарми падару модар ва бастагонаш ҷудо шуда, домани онҳоро ба хушӣ мегирад, эҳтиром гузорад.

Амаки Раҳматбой ва холаи Зебунисо ҳарду нафарони рӯзгордида буданд ва назди хешу ақрабо ва пайвандон эътибори хоса доштанд. Фарзандони накӯ ба дунё оварданд. Махсусан, хусурам бисёр марди бовиқор ва ҷиддиву росткор буданд. Хушдоманам бошад, аз зумраи занони бофазлу босавод ва меҳмоннавоз маҳсуб меёфт. Нисбати ҳамдигар хеле меҳрубон буданд ва дар синну соли пирӣ боз қаринтар шуданд, аммо марги тадриҷии нобаҳангом ҳардуро аз мо бурд.

Марги бародарам Суҳбатулло қоматамро хам намуд. Марде буд озода, нексиришт, закӣ, суханвар... Ӯ аввалин нафаре буд, ки фиттаҳои равоншод Аҳмад Зоҳирро бо худ овард ва ман гумкардаҳои худро дар таронаҳои ҷовидонаи Алмоси Шарқ дарёфтаму роҳи ҳунарро пеша кардам. Агар дар ҷодаи ҳунар то имрӯз ба ҷое расидам, заҳматҳои бародари ормониам низ ҳаст. Руҳу равони ҳар се гиромӣ бод!

- Фурқат кадом принсипҳоро методи асосии тарбияи фарзанд мешуморад?

- Ман бо фарзандонам мисли дӯст ва нафари наздик муносибат мекунам. Ба онҳо озодӣ додаам, аммо дар самти тарбияи хонаводагӣ хеле ҷиддиам. Барояшон шароити хеле мусоид фароҳам овардаам ва ба хостаҳои дилашон аксар вақт мерасонам. Кӯшиш мекунам, ки онҳо сар аз илму дониш берун наниҳанд. Хушбахтона, ҳар панҷ фарзандонам дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар донишҷӯянд.

- Ҳамчун падар ба андешаи Шумо фарзанд бояд чӣ гуна бошад?

- Фарзанд бояд ростқавл, зирак, меҳрубон, ҳозирҷавоб, боэҳтиром ва намуна бошад. Дар ҷомеаи имрӯз ба воя расонидани фарзанд бисёр душвор аст. Гирудору фишорҳои рӯзгор гоҳҳо моро аз худ бехуд месозад ва баъзан паи пайдо намудани пораи ноне аз кору кирдори онҳо фаромӯш мекунем. Аз ин рӯ, мо волидон бояд бештари вақти худро сарфи тарбияи ахлоқӣ ва маънавии онҳо намоем.

- Боре ба фарзандонатон даст бардоштаед?

- Беадабро ҳар куҷо ёфтӣ бикуб,

Хирс мулло мешавад, аз зарби чуб...

Даст бардоштан охирин роҳи сарзаниш аст. Албатта, то ҳамон лаҳзае, ки Худорову хешро ва баду некро дарк карданду шинохтанд, гоҳ - гоҳе торсакие насибашон гашта буд.

- Ишқро чӣ гуна таъриф медиҳед?

- Дардест дарди ишқ, ки ҳеҷаш табиб нест...

Ишқ бисёр мафҳуми дарднок аст. Ҳар касе бо некӣ даст ба домони ишқи Худо бурд, ба орзуи дилаш расид...

- Яъне, ба назари Шумо ишқ чист?

- Ишқ муъҷизаест ҷуз Худованд дигар ҳамаро месӯзад.

- Фурқат, ҳамсаратонро дӯст медоред?

- Оре.

- Боре барояш арзи ишқ кардаед?

- Борҳо изҳор карда будам, мекунам ва боз хоҳам кард.

- Муҳаббатро чӣ гуна бояд нишон дод, ки боварибахш бошад?

- Муҳаббат дар хонадон замоне бол мекушояд, ки эҳсоси дӯстдорӣ байни марду зан ҳукмрон бошад. Ана, ҳамин гармӣ боварии фардо аст.

- Бонуи хонадон ба овозхонии Фурқати Саид чӣ гуна менигарад?

- Ӯ низ ҳунарманд аст ва ин дард барояш ошност. Аслан, нигоҳу назараш ба ҳунари касбии таронапардозӣ нек аст.

- Чун Шумо роҳбари як ансамбли бузургеду шашмақомсароёнро сарварӣ доред, мегуфтед, ки роҳбарӣ дар хона аз роҳбарӣ дар коргоҳ ё саҳна чӣ тафовут дорад?

- Роҳбарӣ дар ҳар куҷо масъулият аст ва бояд ту рисолати худро чӣ дар назди корманд ё фарзанд бо хубӣ адо намоӣ. Ҳамон гунае, ки дар коргоҳ ва ё саҳна пурмасъулам, ҳамон тавр дар хонадон кори ба зимма доштаамро ба субут мерасонам.

- Доир ба нақши падар ва хусур дар устувории оилаи фарзанд чӣ гуфта метавонед?

- Ростӣ нигоҳи бештари мардони рӯзгордида ба оила созанда ва нек аст. Падар ва хусур як андеша доранд: он ҳам хушбахтии фарзандон, аммо ҳарду замоне метавонанд нақши бориз дар зиндагии ҷигарбандон гузоранд, ки худ назди ҷомеаву хонадон соҳибэҳтиром бошанд.

- Ба мавҷудияти рашк дар оиладорӣ чӣ гуна муносибат доред?

- Мекӯшам рашк вориди зиндагиам набошад, зеро бештари фурӯпошии оилаҳо аз ин падидаи номатлуб сар мезанад. Рашк зулумот аст ва поёнаш сиёҳиву ноумедист.

- Худатон бевосита рашк мекунед?

- Оре. Агар рашки эҷодӣ бошад, бо бедорхобиҳо то ҷое муваффақ хоҳӣ шуд, в - агар рашк доири ишқу муҳаббату дӯстдорӣ бошад, таҳаммулаш он гунаест, ки то дергоҳ аз зеҳнам намеравад.

- Чӣ гуна занро идеалӣ меҳисобед?

- Зани идеалӣ бароям модарам буду ҳаст (равонаш шод бод). Боре, баъд аз дар ҷодаи ҳунар шинохта шудан, ба аёдати модарам озими деҳа шудам. Аз дер – дер хабаргириам шиква кард ва чун он замон болои аспи шӯҳрат нишаста будаму дар ҳавои он меболидам, дар посух ба ҳарфҳои модарам гуфтам: Шумо як деҳотиед ва бисёр чизҳоро намедонед. Модарам каме сукут карданду баъдан дар ҷавоб гуфтанд: туи доноро мани нодон ба дунё овардам. Ин посухе буд, ки ман сар то по дар зиндагӣ дигар шудам ва имрӯз низ андеша мекунам, ки агар паҳлӯям қарор мегирифт, ман кӯҳро талқон мекардам, аммо чӣ кунем, ки тақдирро чора нест ва ҷояш дар дидаҳо холист...

- Зансолорӣ дар оила чӣ гуна аст ва умуман чӣ пайомад дорад?

- Хушбахтона дар ҷомеаи мо зансолорӣ мавқеи устувор надорад,. Фикр мекунам, агар фармонравоӣ ба дасти зан бошад, пайомадаш нохуш аст. Хушбахтона рӯзу рӯзгори оилаҳои мо такя ба раванди зиндагии бобоист.

- Ташаккур барои суҳбати ҷолиб!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД