Sebiston new 2024 october
Асрори зиндагии Бунафша
03.07.2022
ОИЛА
1812


Бунафша Муқимова зодаи шаҳри Кӯлоб буда, дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Аз хурдӣ дар ниҳоди Бунафша меҳру муҳаббати санъат кишт гардида, ҳанӯз замони дар синфи чаҳорум таҳсил кардан ба сурудхонӣ шуруъ мекунад. Дар мактаби миёнаи №5-и шаҳри Кӯлоб таҳсил намуда, сипас ба мактаби мусиқии бачагонаи рақами 1 шомил мегардад. Баъд аз хатми мактаби мусиқӣ, ба коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматуллоҳ Қурбонов ҳуҷҷат супорида, соли 2000-ум ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба факултаи омузгорӣ, шўъбаи ғоибона шомил мегардад. Фаъолияти сарояндагиаш аз соли 2003 оғоз гардида, то ҳол идома дорад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Бунафша Муқимова занест, ки шарму ҳаё ва иффати занонааш рӯи саҳна эҳсос мегардад. Ӯ ҳаргиз пайи мӯд надавида, пироҳани зебои тоҷикиро ба либосҳои замонавии хориҷӣ иваз накардааст. Натанҳо фарҳанги ҳунару санъатро риоя мекунад, балки ба фарҳанги либоспӯшию суханварӣ низ эҳтиром мегузорад. Ман бори нахуст бо ин бонуи ҳунар ҳамсуҳбат шудам ва аз ин суҳбат руҳияи болидае бардоштам. Зеро Бунафшабону забони нарму лутфи ширин доранд. Аз ин рӯ,нахуст суоле, ки пешниҳод кардам, чунин буд:

- Хоксориро аз кӣомӯхтед?

-Инсон бояд хоксор бошад. Ин ба тарбияи хонаводагӣ гумонам марбут мешавад. Зеро волидони ман ҳамеша таъкид мекарданд, ки ҳалиму меҳрубон бошед, бо касе дағалӣ накунед ва ҳаргиз бо захми забон дил наозоред. Мо кӯшиш мекардем, ки аз насиҳату тавсияҳои падару модар берун набароем. Агар имрўз шумо дар симои ман як зани хоксорро мебинед, пас заҳмати онҳоест, ки маро ба дунё оварданду бузург карданд.

-Санъаткор шудан барои зан мушкил нест, зеро зане, ки дар ҷомеа кору фаъолият мекунад, масъулияташ нисбат ба мардон даҳчанд меафзояд?

-Хама кор мушкилӣ дорад. Воқеан дар баробаризаҳмат талаб будани пешаи сарояндагӣ, боз масъули яти оилавӣ талошу ранҷи бештарро тақозо мекунад. Анҷоми кору бори хона, тарбия ва нигоҳу бини фарзандон, дар ин радиф таҳия ва пешниҳоди сурудҳои нав кори чандон осон нест, вале меҳру муҳаббату дилгармӣ ба зиндагӣ кўмак мерасонад.

-Бонувони санъаткоре ҳастанд,ки ба хотири саҳна аз баҳри оила гузаштаанд. Барои Бунафша санъат муҳим аст ва ё оила?

-Албатта оила. Кор барои зан дуюм дараҷа аст. Муҳим зиндагии хуб доштану дар ҳалқаи фарзандон будан аст. Ман аз соли 2003 фаъолиятро дар ансамбли «Дарё» оғоз карда будам ва баъд аз оиладор шудан, яъне соли 2010 аз кор баромадам. Муддатҳо ман рӯи саҳна набудам, чун оилаи ман ин хоҳишро надошт.Сабаби дубора ба саҳна баргаштанам, итоаткорию муқаддас донистани оила буд. Чун фаҳмиданд, ки оила ба роям арзиш дорад, боварӣ карданд ва дубора иҷозати кор доданд. Бо даъвати устод он хуш бахтона имрўз дар дастаи фалаки ба номи Одина Ҳошим,Филармонияи давлатии Тоҷикистон кору фаъолият дорам. Ҳамзамон дар мактаби мусиқии бачагонаи санъати махсуси ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоеви шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор кор мекунам.

-Яъне,сирри ширин забонии шумо дар омӯзгор буданатон аст? Чун ҳунармандоне ҳастанд, ки мутаассифона бо вуҷуди донишгоҳ таҳсил кардану маълумот доштан, як ҷумлаи дуруст гуфта наметавонанд. Пас, маълум мешавад, ки масъулияти омузгорӣ шуморо ба ин водор месозад?

-Чаро, саҳна ҳам ҷойи муқаддас аст. Тавассути суруд маънӣ бахшидану дар болоравии сатҳи маърифат саҳм гузоштан кори шӯхӣнест. Суруд бояд маъно дошта бошад. Бо мазмуни баланд ва оҳанги дил нишин пешниҳод шавад. Дар таҳияи суруд тавре бояд заҳмат кашид ва масъулият эҳсос кард, ки дар дурӯз ба гӯшаи фаромӯшӣ наравад. Барои суруди мондагор офаридан илму дониш доштан даркор. Сароянда ҳам омӯзгор аст, агар масъулиятро ҳиснамояду босадоқат кор кунад.

-Буданд ҳолатҳое, ки аз сароянда будани худ ифтихор кардед?

-Бале, вақте суруди маро мухлисон хуб қабул мекунанд ва хуш мепазиранд, эҳсоси болидагӣ аз ин касбу пеша дар ниҳодам ҷӯш мезанад.

Азиз ХАмкори нав, [01.07.2022 16:51]
-Тавре аз суҳбататон маълумаст, сарояндаи касбӣ будан заҳмати зиёдтар талаб мекунад. Хамеша талош, дар ҷустуҷӯ будан, матни хуб кофтан, оҳанги ҷазоб офариданва дар маҷмуъ таҳия кардани як суруди хуб, шояд ҳафтаҳо ва ё моҳҳо вақтро гирад. Бо ин серташвишӣ, барои анҷоми кори хона ва пӯшонидани ниёзи фарзандон кай вақт меёбед?

Апаи Маҳина ОИЛА ТЧ., [01.07.2022 16:12]
-Бовар мекунед, баъзан фикр мекунам, ки ҳама занҳо ҳамин гуна серкор бошанд? Субҳ баъди сер кардани шиками кўдаконам ба кормешитобам. Баъд аз кор баргаштан рубучини хона, аз назар гузаронидани сарулибоси фарзандон, пухтани таом, хулас то торик шудан ба кори хона машғул мешавам. Ҳаррӯзам ҳамин гуна бо давидану сер ҳаракатӣ бегоҳ мешавад.

-Нигоҳи хонавода ба ҳунари шумо чӣ гунааст?

-Ҳамсар ва фарзандонам санъати маро дӯст медоранд.Агаргӯям, ки аввалин шунавандаи сурудам фарзандонам ҳастанд, хато намекунам. Онҳо ҳатто сурудҳои маро аз ёд мекунанд. Ҳис мекунам, ки аз ҳунари модарашон ифтихор мекунанд. (механдад)

-Ба ҷавононе, ки орзуи сароянда шудан доранд, чӣ тавсия медиҳед?

-Кор кунанд, заҳмат кашанд. Матни хубро ба оҳанг дароранд. Бо шоирони касбӣ ҳамкорӣ кунанд. Кӯшиш кунанд, ки ба сароидани матнҳои хасакию бемазмун худро одат накунонанд. Саҳна ҷойи вақтгузаронию фаъолияти сарсарӣ нест. Масъулият мехоҳад ва вақте дар ин ҷодаи пурзаҳмат қадам мебардоранд, бояд устувор бошанд. Аз маънӣ кор бигиранд ва бомазмун сароянд. Барояшон муваффақият мехоҳам. Бигзор ҳамеша пешрав бошанд!

-Ташаккур барои таманниётихуб ва суҳбати хотирмон. Аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Оила» низ ба шумо саодатмандӣ мехоҳанд!

ФАРЗОНА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД